Пайвасти Коммерсбонк Тоҷикистон ба хизматрасонии интиқоли фаврӣ тариқи замимаи «Сбербанк Онлайн»

Иттилоияи расмӣ

Коммерсбонки Тоҷикистон бо Сбербанк дар бораи ҳамкорӣ созишнома ба имзо расонид. Дар доираи ин созишнома хизматгузории интиқоли фаврӣ (лаҳзавӣ) аз замимаи мобилии «Сбербанк Онлайн» аз ҳисоби замимаи мобилии (бонкинги)  “Фаврӣ” аз Коммерсбонк Тоҷикистон роҳандозӣ шуд.

Хизматгузорӣ дар бахши “Интиқоли маблағ ба хориҷа”-и замимаи «Сбербанк Онлайн» дастрас хоҳад буд. Зимни гузаронидан ба ҳисоби замимаи мобилии “Фаврӣ” маблағи интиқол ба асъори миллӣ табдил меёбад.

Игор Мамонтов, ноиби президенти Сбербанк”, директори дивизиони “Пардохт ва интиқолҳо”:

“Мо ба рушди ҳамкорӣ бо шарикони хориҷиамон идома медиҳем. Хушнудем, ки хизматрасонии нави интиқол бо рақами телефонро аз Тоҷикистон пешниҳод кунем, ки ба боз ҳам интиқоли бароҳату зудтари пулҳо ва бухусус бо шароитҳои шаффоф аз рӯи комиссия имкон медиҳад”.

Эраҷ Раҷабов, муовини аввали раиси Раёсати Коммерсбонк Тоҷикистон:

“Мо барои ҳамватанонамон, ки барои пулкоркунӣ ба Русия мераванд,  ҷараёни интиқоли пулро ба оилаву хешовандонашон ба Тоҷикистон осон карданием. Бонки мо интиқолҳоро тариқи рақами телефон дар қаламрави кишварамон аллакай амалӣ карда, албатта, аз амалисозии низоми ба ин монанд барои интиқол аз Русия бо Сбербанк, аз ҷумла, дар бозори молиявии чакана, хурсандем”.

Бино ба маълумоти тадқиқотӣ, ба санаи 1 майи соли 2019 шумори тоҷикистониён дар Русия то ба 1 млн. 255 ҳазор нафар расидааст.

Корбарони замимаи мобилии “Фаврӣ” воситаҳои пулиро аллакай бо рақами телефон дар қаламрави ҷумҳурӣ интиқол дода метавонанд. Акнун зимни амалисозии лоиҳа бо Сбербанк ба ҳамин тарз аз Русия низ маблағ мегиранд, ки ҷараёни дастрас кардани пули интиқолшударо бамаротиб осонтар мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...