Раиси Хуҷанд шахсан сокинони шаҳрро бо ҷашн табрик кард

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Субҳи имрӯз раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо иқдоми наҷиб ва ғайричашмдошт як гурӯҳ шаҳрвандони касбу кори гуногунро бо Рӯзи шаҳр табрик намуда, ба онҳо гулдаста ва маблағҳои пулӣ тақдим дошт.

“Рӯбандаи комбинати ободонии шаҳр, корманди корхонаи нақлиёти санитарии шаҳр, хонандаи МТМУ №12, донишҷӯйи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ, духтури беморхонаи шаҳрии №1, тарбиятгирандагони муассисаи томактабии №33-и шаҳр аз дидори ғайричашмдошт бо шаҳрдор ва табрикоти бевоситаи ӯ ба ваҷд омада, миннатдории самимонаи хешро ба Давлату Ҳукумат изҳор доштанд”, – омадааст дар маълумоти дафтари матбуоти раиси шаҳр дар ин робита.

Гуфта мешавад, Маъруф Муҳаммадзода зикр кардааст, ки Хуҷанди бостонӣ аз қадимтарин даврони таърихӣ ҳамчун мазҳари як фарҳанги нерӯманд, зодгоҳи ҳунармандиву саънати муътабар, ҳавзаи пурбори адабиёти тоҷик ва сарзамини меваҳои хубу ҷойгоҳи зуҳури обу ҳавои хуш муаррифӣ ва шинохта гардида, дар дарозои ин таърихи куҳан афрод ва ашхоси муътабаре чун олимону шоирон, ҳунармандону косибон, санъатварону ходимони барҷастаи таърихиву сиёсӣ дар домани он ба камол расонидааст.

“Сарнавишти Хуҷанди бостонӣ барои Тоҷикистони соҳибистиқлол низ азизу мукаррам ва мушарраф аст ва бояд ҳар як сокини шаҳр ҳамагуна дастоварди беназири таърихиро дар замони Истиқлолият парчами ифтихор ва сарфарозии хеш бишносад”, – қайд кардааст раиси шаҳр.

Имрӯз Хуҷанд Рӯзи шаҳрро ҷашн мегирад. Дар шаҳр баргузории чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ, аз ҷумла намоишгоҳи дастовардҳои бахшҳои гуногуни шаҳр, мусобиқаҳои варзишӣ ба нақша гирифта шуда, ҳамчунин раиси шаҳр ба тифлони навзоди имрӯз таваллудшуда туҳфаҳо месупорад.

“Соати 15:00 баргузории маросими супурдани унвони “Сокини фахрии шаҳр Хуҷанд” ва грантҳо ба 40 занони ҳунарманд дар назар буда, соати 18:00 дар майдони назди Театри ба номи Камоли Хуҷандӣ бо иштироки ситораҳои эстрадаи тоҷику ӯзбек гала консерт доир мегардад”, – хабар дод котиби матбуоти раиси шаҳр Маъмур Юсуфов.

Бино ба гуфтаи ӯ, дар консерт Нозия Кароматулло, Муҳаммадрофеъ Кароматулло, Бахтиёр Иброҳимов ва дигар овозхонони маъруфи эстрадаи тоҷик ҳунарнамоӣ мекунанд. Меҳмони асосии консерт овозхони маъруфи ӯзбек Юлдуз Усмонова мебошад.

Рӯзи шаҳр дар Хуҷанд ҳамасола санаи 25 сентябр ҷашн гирифта шуда, имсол он бори панҷум баргузор мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...