Аввалин иҷораи ҳуқуқи истифодаи замин тариқи музояда

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Аввалин музоядаи иҷораи ҳуқуқи истифодаи замин (иҷора) дар таърихи навини Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон баргузор шуд.

Дар ин музояда, ки 26-уми сентябри соли 2019 дар ҷамоати деҳоти “Ситораи Сурх”-и ноҳияи Ёвон доир гардид, ҳуқуқи иҷораи 12 гектар заминҳои корами обии фонди захиравии ноҳия барои се сол  гузошта шуд. Музояда бо усули англисӣ сурат пазируфт.

Дар маросими ифтитоҳи музояда иҷрокунандаи вазифаи  раиси ноҳияи Ёвон Ҷамшед Саидзода, сафири ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Помершайм ва роҳбари лоиҳаи ЮСАИД “Оид ба рушди бозори ҳуқуқи истифодабарии замин дар Тоҷикистон” Чинара Арапова ширкат варзиданд.

Ҷамшед Саидзода ин музоядаро як санаи таърихӣ номид. Вай афзуд, ки дар таърихи навини Тоҷикистон бори аввал ҳуқуқи истифодаи замин ба музояда бароварда мешавад.

“Мақсади ба музояда баровардани ҳуқуқи истифодаи заминҳои фонди захиравӣ баланд бардоштани масъулиятшиносии корбарони замин ва самаранок истифода кардану баланд бардоштани ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ мебошад. Ба ғайр аз он, ки ба буҷаи маҳаллӣ андоз аз ҳисоби замин ворид мешавад, боз иловатан аз ҳисоби ба иҷора додани заминҳои фонди захиравӣ маблағҳои иловагӣ низ ворид хоҳад шуд. Барои татбиқи ин лоиҳа аз номи мардуми ноҳияи Ёвон ба ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Амрико изҳори сипос мекунам. Умедворам, ки сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар амалишавии дигар лоиҳаҳо бо мо ҳамкорӣ хоҳад кард. Дар ноҳияи Ёвон заминҳои зиёд мавҷуд аст, ки бо обёрӣ кардани онҳо имкони гирифтани даромади иловагӣ ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ имкон дорад ”-  гуфт Ҷамшед Саидзода.

Сафири ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Помершайм зимни суханрониаш изҳор дошт, ки аз иштирок дар ин чорабинии таърихӣ шод аст.

“Ҳукумати ИМА тавассути лоиҳаи ЮСАИД “Оид ба рушди бозори ҳуқуқи истифодабарии замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ду ноҳияи таҷрибавии Абдураҳмони Ҷомӣ ва Ёвон ба мутахассисони тоҷик кумак кард, то заминҳои фонди захиравиро ченак гузаронда, харитаи ҷойгиршавии онҳоро тартиб диҳанд ва ин заминҳоро дар оянда тариқи музояда ба иҷора диҳанд. Мақсад аз ин таъмини шаффофияти дастрасии замин ба ҳама қишрҳои ҷомеа мебошад. Ҳадафи кумаки ҳукумати ИМА ба Тоҷикистон дар самти ислоҳоти замин дар доираи ташаббуси “Озуқаворӣ ба хотири оянда” беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардуми деҳот ва баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳои кишоварзӣ мебошад. Мо умед дорем, ин таҷриба натиҷаи дилхоҳ медиҳад ва дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон низ мавриди амал қарор хоҳад гирифт”, – гуфт сафир.

Роҳбари лоиҳаи ЮСАИД “Оид ба рушди бозори ҳуқуқи истифодабарии замин дар Тоҷикистон” Чинара Арапова илова кард, ки барои ҳисобу китоб ва тартиби харитаи заминҳои фонди захиравии ноҳия як гурӯҳи корӣ зери роҳбарии муовини аввали раиси ноҳияи Ёвон Аскарбек Набизода фаъолият кард.

– Ин гуруҳи корӣ заминҳои фонди захиравиро муайян карда харитаи онро тартиб доданд. Дар харита заминҳоро ба категория ҷудо карда, онро бо рангҳои гуногун ишорагузорӣ карданд. Масалан,  ранги сабз  категорияи заминҳоест, ки корами обӣ буда, фоидаоваранд. Ҳуқуқи истифодаи муваққатии ин заминҳо дар давоми панҷ соли оянда тариқи музояда ба иҷора дода хоҳанд шуд, – гуфт хонум Ч. Арапова.

Ба гуфти муовини аввали раиси ноҳияи Ёвон Аскарбек Набизода дар ноҳияи Ёвон 250 га заминҳои корами обии фонди захиравӣ мавҷудаст.

“То ба имрӯз ин заминҳо муайян карда шуда, харитаи ҷойгиршавии онҳо тартиб дода шудааст. Мо дар музоядаи имрӯза ҳуқуқи истифодаи муваққатии 12 га  заминҳои корами обии фонди захиравиро, ки дар ҷамоати “Ситораи Сурх” ҷойгиранд, ба музояда баровардем. Нархи аввалияи ҳуқуқи истифодаи мувақатии онро мутахассисон ҳисоб карда бароварданд. Аммо ба хотири он ки бори аввал аст, ки ҳуқуқи истифодаи замин ба музояда бароварда мешавад ва мардум аз ин усул ё таҷриба бохабар нестанд, мо нархи аввалияи онро 50% кам кардем. Натиҷаи музоядаи имрӯза нишон дод, ки талабгор ба замин зиёдаст ва дар оянда бо нархҳои асле, ки мутахассисон ҳисоб карда баромаданд, ҳуқуқи истифодаи мувақатии ин заминҳоро ба музояда мебарорем. Бояд гӯям, ки то охири сол мо боз мувофиқи нақша як музоядаи дигар ташкил карда, ҳуқуқи истифодаи муваққатии ҳудуди аз 25 то 50 га заминҳои фонди захиравиро ба иҷора пешниҳод мекунем. Имрӯз аз натиҷаи ин музояда, ки панҷ лот барои иҷора гузошта шуда буд, ба буҷаи ноҳия 16 ҳазор сомонӣ ворид хоҳад шуд”- қайд кард Аскарбек Набизода.

Бояд гуфт, ки баргузории чунин музояда рӯзи 1-уми октябри соли 2019 дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ низ ба нақша гирифта шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...