Баррасии иштироки Фонди авруосиёӣ дар таъмиру навсозии нерӯгоҳи “Бойғозӣ”

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Фонди авруосиёии субот ва рушд, ки идоракунии воситаҳояш дар ихтиёри Бонки авруосиёии рушд (БАОР) аст, масъалаи маблағгузории корҳои таъмиру навсозии нерӯгоҳи барқи обии Бойғозиро дар Тоҷикистон баррасӣ дорад.

Тавре хадамоти матбуоти БАОР иттилоъ медиҳад, зимни ташрифи кормандони сохтори лоиҳавии Фонд ҳамроҳ бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ ба ҷумҳурӣ (16-20 сентябр) бо раҳбарияти Вазорати энергетика ва ширкати “Барқи тоҷик” зарурат ва дурнамои таъмиру навсозии таҷҳизоту механизмҳои нерӯгоҳ баррасӣ шудааст.

Аъзои ҳайат аз нерӯгоҳи барқи обии “Бойғозӣ”, ки беш аз 30 сол пеш мавриди истифода қарор гирифтааст, боздид карданд.

Намояндагони Фонд инчунин аз нерӯгоҳи Норак боздид карда, бо шахсони масъул ҷараёни амалисозии лоиҳаи таъмиру навсозии онро баррасӣ карданд. Моҳи феврали соли равон ҷудо гардидани 40 млн. доллар барои маблағгузории марҳилаи 1-уми ин корҳо дар нерӯгоҳ маъқул дониста шуд.

Дар доираи лоиҳа харидорӣ, таҳвил, васлу насб ва ба истифода додани шаш автотрансформатори якфазагӣ ба ивази таҷҳизоти ба ин монанд, ки дар зеристгоҳи трансформатории нерӯгоҳи Норак беш аз 40 сол пеш гузошта шуда, муҳлати истифодааш гузашта ва дар ҳолати ғайриқаноатбахш қарор дорад, пешбинӣ шудааст.

Лоиҳа як бихши лоиҳаи бузурги таъмиру навсозии нерӯгоҳи Норак мебошад, ки аз ду марҳила бо маблағгузории умумии то 700 млн. доллар иборат аст.

Айни замон марҳилаи якуми корҳои таъмиру навсозии нерӯгоҳ ҷараён дорад, ки дар маблағгузории он ба ҷуз Фонди авруосиёии субот ва рушд, Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд (гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ) ва Бонки осиёии сармоягузории зерсохторӣ низ саҳм доранд.

Маълумотномаи “Азия-Плюс”

Нерӯгоҳи барқи обии “Бойғозӣ” дар дарёи Вахш, 32 километр поинтар аз нерӯгоҳи Норак сохта шуда, айни замон дуюмин нерӯгоҳи муқтадири ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Иқтидори нерӯгоҳ 600 МВт (чор агрегат 150 Мвт) буда, ҳаҷми солонаи истеҳсоли барқ дар он 2,5 млрд. кВт/соатро ташкил медиҳад. Корҳои лоиҳакашии нерӯгоҳи “Бойғозӣ” солҳои 70-уми асри гузашта оғоз шуданд. Бунёди нерӯгоҳ маъракаи сохтмони зарбдори умумииттифоқ эълон шуда буд. Нерӯгоҳ соли 1986 мавриди истифода қарор гирифт.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...