Ҳалокати ду кӯдак дар Суғд бар асари садамаи нақлиёт

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Бар асари ду садамаи нақлиёт дар роҳҳои мошингарди вилояти Суғд ду ноболиғ ба ҳалокат расиданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, рӯзи 28-уми сентябр ронандаи автомашинаи Daewoo Damas Қаҳрамон Орифови 28-сола зимни ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди «Душанбе-Бӯстон-Чаноқ», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, дучархарон Хуршед Тошеви 15-соларо пахш кардааст. Аз ҷароҳатҳои бардошта ноболиғ дар бемористон фавтидааст.

Ҳамин рӯз дар ҷамоати Руғунди шаҳри Истаравшан ронандаи автомашинаи Hyundai Porter аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, Ҳабибҷон Парвизи 1-соларо пахш кардааст. Кӯдаки хурдсол дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...