Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли зиё ба муносибати “Рӯзи забони давлатӣ” вохӯрд

Date:

Имрӯз раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар “Кохи Борбад” бо аҳли зиёи кишвар ба ифтихори “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мулоқот кард.

Ӯ аҳли толор, мардуми Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиро ба муносибати “Рӯзи забони давлатӣ”, ки аз соли 2009 ба ин сӯй 5-уми октябр таҷлил мешавад, таҳният гуфта, забонро арзиши волои миллӣ ва рушди онро аз вазифаҳои муҳими тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ номид. Дар ин бора хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад.

"Бар асари назорати нокифоя аз тарафи мақоми назораткунандаи татбиқи қонун талабот ва муқаррароти он аз ҷониби баъзе вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҳанӯз ҳам пурра амалӣ нагардида, дар ин самт як силсила мушкилоте боқӣ мондаанд, ки бояд ҳал карда шаванд, – гуфт раисҷумҳур. 

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки як қатор бандҳои дар “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016” пешбинишуда бо сабабҳои номаълум аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор то ҳанӯз амалӣ нашудаанд. Аз ҷумла, таҳия ва нашри Энсиклопедияи забони тоҷикӣ, ки Вазорати фарҳанг ва Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик масъулони он мебошанд, то ҳол ба сомон нарасидааст. Зарур мешуморам, ки ҷиҳати устувор намудани пояҳои забони давлатӣ аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳот дар ҳамкорӣ бо Академияи илмҳо ва Вазорати маориф ва илм “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030” таҳия ва ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад, – изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Ба Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, Кумитаи забон ва истилоҳот, Вазорати маориф ва илм, Иттифоқи нависандагон ва сохторҳои марбутаи Дастгоҳи иҷроияи Президент супориш дода шуд, ки “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ”-ро бо назардошти ислоҳи камбудиву мушкилоти дар онҳо ҷойдошта то моҳи январи соли 2020 барои тасдиқ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод кунанд. Ҳамчунин Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ вазифадор шудааст, ки бо ҷалби мутахассисони соҳа луғати имлои забони адабии ҳозираи тоҷикро то нимаи дуюми соли 2020 такмил дода, ба чоп пешниҳод созад.

ГАЛЛЕРЕЯ (25)

























Забони модарии мо – забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ, ки донишу маърифати дар тӯли ҳазорсолаҳо андӯхтаи мардумро дар худ нигоҳ доштааст, гӯётарин далели ҳастӣ ва мақоми ҳаётбахши он дар сарнавишти таърихии миллати мо ба ҳисоб меравад. Яъне миллати шарафманди тоҷик таъриху фарҳанги камназири худро бо ҳамин забон иншо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст, – гуфт раисҷумҳур.

Зимнан таъкид шуд, ки забони тоҷикӣ то ба имрӯз ба шарофати хизматҳои бузург, заҳматҳои бедареғ ва корнамоиҳои беназири фарзандони фарзонаи халқи тоҷик аз Исмоили Сомониву устод Рӯдакӣ то устод Айниву Бобоҷон Ғафуров ба ҳамон гунаи асилу ноб, бо ганҷинаи ғаниву рангини калимаву истилоҳот ва таъбиру таркиботи зебову дилчасп то ба рӯзгори мо расидааст. Бо ифтихори тамом метавон гуфт, ки дар амри бақову ҳастии миллат ва забони мо сулолаи некноми Сомониён нақши калидӣ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон ворисони имрӯзу ояндаи ин забони нобу тавоноро ба ҳифзи покизагӣ ва рушду такомули ҳамаҷонибаи он чун забони коргузории давлатӣ, фарҳанг ва илму техникаи муосир ҳидоят кард.

Риояи қоидаю меъёрҳо ва имлои забони давлатӣ, хусусан, барои кормандони матбуоти даврӣ, радио, телевизион, муассисаҳои табъу нашр, омӯзгорону парасторони муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ, ҳамчунин ба падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон таъкид гардид.

Раисҷумҳур ба сохторҳои марбута барои татбиқи Қонуни ҶТ “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дар амал ҷорӣ кардани “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ”, “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ”, инчунин таҳияи лоиҳаи “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030” супориш дод.

Вай афзуд, ки барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус, русӣ ва англисӣ дар мактабҳои кишвар бояд шароит фароҳам оварда шавад, то ки ҷавонон аз омӯхтани чанд забон баҳраманд бошанд. Имрӯз Тоҷикистон сиёсати “дарҳои кушода”-ро пеш гирифтааст ва бо 160 давлати ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ дорад. 

Қарзи фарзандӣ ва рисолати инсонии мост, ки ин забони ширину шоиронаро азиз шуморем, дӯст дорем, онро мисли модар, ки моро ба дунё оварда, меҳри забонро бо шири поку ҷонбахш ва муҳаббати онро бо аллаи гӯшнавозаш дар ҷисму ҷони мо ҷой кардааст, эҳтирому эҳтиёт кунем ва мисли гаронбаҳотарин сарвати умрамон ҳамеша гиромӣ дорем, – гуфт раисҷумҳур.

Ҷамъомади тантанавиро ба муносибати “Рӯзи забони давлатӣ” барномаи фарҳангии устодони санъат ва ҳунармандони кишвар идома дод.

Ёдрас мекунем, ки зиёда аз 30 сол пеш – рӯзи 22-юми июли соли 1989 дар иҷлосияи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Қонуни забони тоҷикӣ (форсӣ)” қабул карда шуд. Дар заминаи он забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифт. Аз соли 1989 то соли 2009 дар Тоҷикистон 22-юми июл ҳамчун “Рӯзи забон” ҷашн гирифта мешуд.

Сипас қонун “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардида, шурӯъ аз соли 2009 Рӯзи забони давлатӣ 5-уми октябр таҷлил мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...