Ду хабарнигори Радиои Озодӣ дар Душанбе боздошт шуданд

Радиои Озодӣ

Афсона Акобиршоева ва Таҳмина Ҳакимова, ду хабарнигори Радиои Озодӣ, рӯзи 7-уми октябр тасодуфан дар моварои як амалиёти махфии кормандони умури дохилии шаҳри Душанбе афтоданд.

Гуфта мешавад, ҳадаф аз ин амалиёт боздошти таксирон буд, ки бино ба гуфтаи кормандони умури дохилӣ, ба ҷинояти вазнин гумонбар мешавад. Кормандони пулис мегӯянд, дар оғоз мехостанд, хабарнигорон ба мошини дигар нишинанд ва корашонро идома диҳанд, аммо наворбардорӣ аз ҳодиса садди роҳ ва ҳамчун дахолат ба амалиёти махфии пулис арзёбӣ шудааст.

Таҳмина Ҳакимова мегӯяд, бо дидани он ки афроде наздик омаданд ва худро ба ронандаи мошине, ки вай низ мусофираш буд, муаррифӣ карда, хостанд, ӯро аз мошин фуроранд, ҳайрон шуд ва ин вазъро наворгирӣ кард. Ин амал кормандони пулисро водор намуд, то ӯ ва ҳамсафараш Афсона Акобиршоеваро ба шуъбаи пулис баранд.

Ду хабарнигор барои иҷрои вазифаи касбиашон таксӣ киро карда буданд. Таҳмина мегӯяд, воқеа дар ҳоле рух дод, ки Афсона таксиро боздошт ва барои хариди кучаке ба фурушгоҳ даромад. Ин замон панҷ нафаре, ки либоси мулкӣ доштанд, ба ронанда наздик шуданд. Таҳмина мегӯяд, маълум набуд, инҳо кистанд ва чаро ба ронандаи таксии онҳо ҳамла мекунанд. Вай ба ширкати таксӣ занг зад ва аз воқеа хабар дод. Ҳамзамон Афсонаро даъват кард, ки баргардад.

Лаҳзае баъд як нафар бо лаҳни ором ба хабарнигорон ҳуҷҷати худро нишон дод ва гуфт, раҳбари гурӯҳ аст ва онҳо як шахси гумонбар дар ҷиноятро боздошт мекунанд. Таҳмина ва Афсона ба ӯ гуфтаанд, ки кормандони Радиои Озодӣ ҳастанд ва ҳуҷҷатҳои худро нишон доданд. Хабарнигорон гуфтаанд, онҳо мебоист ба "Наврӯзгоҳ" мерафтанд, дер мекунанд. Ин корманд ба онҳо гуфтааст, ки барояшон таксии дигар даъват мекунад. Таҳмина ва Афсона аввал розӣ нашуданд, аммо пас ризоият доданд, ки аз мошин фуроянд, аммо он нафар дурбини видеоро дид ва тасмим гирифт, хабарнигоронро ба шуъба барад.

Ба Афсона Акобиршоева ва Таҳмина Ҳакимова дар шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсии пойтахт гуфтанд, барои мамониат кардан ба кори пулис ба 15 шабонарӯз ҳабс хоҳанд шуд. Маъмурони милисаи ин ноҳия дар тамоси телефонӣ гуфтанд, сабаби ба шуъба бурдани хабарнигорон он будааст, ки онҳо лаҳзаи боздошти гумонбарро наворбардорӣ кардаанд.

Дертар ба занги телефонии мо ба яке аз ҳамкоронамон маъмури шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ посух дод ва гуфт, ки "Афсона Акобиршоева ва Таҳмина Ҳакимова дар назди моянд ва мо дар ҳоли муайян кардани шахсияти онҳо ҳастем".

Ин корманди пулис ба суоли он ки мақоми ҳуқуқии ҳамкорони моро чӣ гуна шарҳ медиҳад, ҷавоб надод. Аммо дертар ошкор гашт, ки кормандони пулис забтҳои видеоии лаҳзаҳои боздоштро пок кардаанд.

Пас аз дуним соати боздошт ва додани баёноти хаттӣ, хабарнигорони Радиои Озодӣ озод карда шуданд.

Афсона Акобиршоева ва Таҳмина Ҳакимова беш аз як сол боз ба ҳайси журналист ва наворбардор дар Радиои Озодӣ кор мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...