Душанбе пойтахти сайёҳии кишварҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ интихоб шуд

Asia-Plus

Шаҳри Душанбе пойтахти сайёҳии кишварҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ барои солҳои 2020-2021 интихоб гардид. Қарори мазкур имрӯз дар ҷаласаи сеюми вазирони сайёҳии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ECO) дар шаҳри Хуҷанд пазируфта шуд.

Ин ҷаласа таҳти раёсати Тоҷикистон баргузор шуд, иттилоъ медиҳад Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ.

Пойтахти Тоҷикикистон ба макони баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди байнулмилалӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ табдил ёфта, дар ин замина шаҳри Душанбе ҳамчун симои сайёҳии кишвар ба ҷаҳониён муаррифӣ гардид, – иброз дошт раиси Кумитаи мазкур Нуъмон Абдуғаффорзода.

Вай афзуд, ки ҳоло Тоҷикистон дар рушди соҳаи сайёҳӣ қадамҳои нахустин ва устуворонаи худро мегузорад. Дар ин ҷараён омӯхтани таҷрибаи ҷаҳонӣ ва тарғибу ташвиқи захираҳои сайёҳии мамлакат басо муҳим аст.

«Пойтахти сайёҳии кишварҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ барои солҳои 2020-2021 интихоб шудани шаҳри Душанбе натиҷаҳои сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ва ба роҳ мондани корҳои ободонию созандагӣ, табдил додани пойтахт ба як макони тамошобоби сайёҳӣ аз ҷониби раиси ҷавони шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ мебошад. Имрӯзҳо ба рушди соҳаи сайёҳии пойтахт, ҷойҳои таърихӣ, ёдгориҳои бостонӣ ва меъморӣ, муассисаҳои табобатию профилактикӣ ва ғайра мусоидат менамоянд», – гуфт ӯ зимни суханронӣ дар ҷаласаи ECO.

Ба қавли Абдуғаффорзода, ҳоло дар ҳудуди шаҳри Душанбе зиёда аз 40 адад меҳмонхона ба сокинон ва меҳмонони дохилию хориҷӣ хизмат мерасонанд.

Имрӯзҳо ҳар нафаре, ки ба пойтахти Тоҷикистон сафар менамояд, бори дигар мавзеъҳои дилрабои шаҳри Душанбе, кӯчаю растаҳои тозаву озода, боғҳои ободу гулпӯш, иншооти бо тарҳу услуби муосиру миллӣ бунёдгардидаро тамошо карда, воқеан дарк мекунад, ки Душанбе ба як шаҳри орзуҳо табдил ёфтааст, – гуфт раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ.

Ӯ зикр кард, ки дар пойтахти Тоҷикистон бо мақсади рушди сайёҳӣ ва баҳри ба шаҳри сайёҳон табдил додани Душанбе як зумра тадбирҳои муассир андешида мешаванд. Аз ҷумла, давоми ду соли оянда бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 9 меҳмонхонаи замонавӣ бо 630 ҳуҷра барои қабули беш аз 1000 нафар дар як вақт пешбинӣ гардидааст. Ҳамаи меҳмонхонаҳои бунёдшаванда бо инобати талаботи байнулмилалии соҳа бо дараҷаи 4 ва 5-ситорадор сохта мешаванд.

Тавре дар Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таъкид шудааст, яке аз масъалаҳои муҳими баромадан ба бозорҳои ҷаҳонии сайёҳӣ узвият ба созмонҳо, ташкилоти бонуфузи ҷаҳонии сайёҳӣ ва иштирок дар намоишгоҳҳои байнулмилалӣ маҳсуб меёбад. Шаҳри Душанбе ба узвияти Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ (WTCF) дар ҳамоиши ин созмон пазируфта шуд.

Чанд рӯз қабл, тибқи назарпурсии Агентии таҳлилии «ТурСтат»-и Россия, пойтахти Тоҷикистон ба қатори 10 шаҳри дар айёми тирамоҳ барои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил гардид.

Айни замон Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Покистон, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Эрон аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ мебошанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...