Тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар пойтахт бартараф мегардад?

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Баҳри таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт, пешгирии қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ва танзими ҳамлу нақли мусофирон аз ҷониби кормандони БДА дар шаҳри Душанбе рейд ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шудааст.

Вобаста ба ин ҷиҳати баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои дар ҷойҳои муқарранашуда таваққуф кардани воситаҳои нақлиёт аз ҷониби нозирон амалиёти мақсаднок ташкил ва гузаронида мешавад, иттилоъ медиҳад ВКД.

Аммо яке аз масъалаҳое, ки ҳанӯз ҳам ташвишовар боқӣ мондааст, тамбашавии сунъии воситаҳои нақлиёт мебошад. Чуноне таҳлилҳо нишон медиҳанд маҳз нодуруст дар қатору дуюми сеюм таваққуф намудани воситаҳои нақлиёт сабабгори ба вуҷуд омадани чунин ҳолатҳо гардидааст.

Мутаассифона, сарфи назар аз баргузории маҷмӯи чорабиниҳои профилактикӣ, рейду амалиёт ва таъкидҳои ҳамешагӣ, ҳамоно ҳастанд ронандагоне, ки талаботи ҳатмии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро нодида гирифта, дар аксар маврид автомашинаҳои шахсиашонро дар дохил ва ё наздикии истгоҳҳои шаҳрӣ, дар қатори дуюму сеюм ва дигар ҷойҳои номуқарраршуда таваққуф намуда, тамбашавии сунъии роҳҳои нақлиётгарди пойтахтро ба вуҷуд меоранд.

Чунончи бетартибиҳое, ки дар вақти гузаронидани рейду амалиёт аз ҷониби кормандони Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе ошкор гардид, дар бештари маврид маҳз бо айби ронандагони воситаҳои нақлиёти бо истилоҳ «таксӣ» ва шахсони воқеӣ, ки дар қатори дуюм дуру дароз таваққуф карда, ба ҳаракати бемамониати воситаҳои нақлиёти маршрути ҷамъиятӣ халал мерасонанд, ба амал омадааст.

Нисбат ба он ронандагоне, ки Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон намуда, ба ҳаракати воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ монеа эҷод карда, тибқи талаботи моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд.

Мақомоти милитсияи шаҳри Душнабе бори дигар аз кулли ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш кардааст, ки талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро ҳамаҷониба риоя намоянд. Бо гузоштани автомашинаҳои шахсиашон дар истгоҳҳо ва ҷойҳои манъшуда ба ҳаракати бемайлони воситаҳои нақлиёти мусофиркашон халал ворид накунанд, то тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои пойтахт бартараф шуда, шаҳрвандон сари вақт ба коргоҳу манзили худ бирасанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...