Пешниҳоди вакилони қирғиз бобати санҷиши ҳамаи созишномаҳои марзӣ бо Тоҷикистон

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Вакилони маҳаллии ноҳияи Лайлаки Қирғизистон изҳор доштаанд, ки бозбинии ҳамаи созишномаҳо дар бораи таъйин ва аломатгузории қитъаҳои баҳсноки сарҳади давлатӣ бо Тоҷикистон зарур аст.

Мушкилоти марзро вакилони маҳаллӣ рӯзи 10-уми октябр дар маҷлиси намояндагони халқи ҳамаи авулҳои кенешҳои ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканд баррасӣ кардаанд. Дар ин бора хабаргузории 24.kg иттилоъ медиҳад.

“Агар созишномаҳое мавҷуданд, ки ба манфиатҳои соҳибистиқлолии Қирғизистон мутобиқ нестанд, шахсонеро, ки онҳоро ба имзо расонидаанд, бояд ба ҷавобгарӣ кашид”, – изҳор доштаанд вакилон.

Онҳо аз кори ҳукуматдорон дар мавриди таъйин ва аломатгузории қитъаҳои баҳсноки сарҳади давлатӣ бо Тоҷикистон изҳори норизоӣ кардаанд.

“Он ҷо, дар боло (ҳукумат, дастгоҳи президент. – эзоҳи 24.kg) моро фиреб медиҳанд. Моро танҳо ором мекунанд. Барои нигаҳдории заминҳои худ, мо бояд фишангҳои таъсир ба ҳамсоягон дошта бошем”, – гуфтааст вакили кенеши авули Катран Асилбек Сатторов.

Ба сифати фишанги таъсир вакилони маҳаллӣ ба сарвазир пешниҳод кардаанд, ки ба ҳайати комиссияи таъйин ва аломатгузории қитъаҳои баҳсноки сарҳади давлати Қирғизистону Тоҷикистон Қурбонбой Искандаров баргардонида шавад. Зимнан иттилоъ дода нашудааст, ки чаро маҳз ҳамин шахсро мехоҳанд дубора ба ҳайати комиссияи мазкур шомил кунанд.

Мувофиқи маълумоти 24.kg, баҳори соли 2019 Қурбонбой Искандаров пас аз муноқиша дар сарҳади вилояти Ботканд аз вазифаи намояндаи махсуси ҳукумати Қирғизистон оид ба масъалаҳои марзӣ дар мартабаи муовини аввали роҳбари дастгоҳи девони вазирон бо аризаи пешниҳодшуда озод карда шуд.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 504 километри он аломатгузорӣ шудааст. Дар ин ҳолат 472 километри дигари сарҳади давлатии миёни ду кишвар номуайян боқӣ мемонад. Ин ҳолат боиси баҳсу муноқишаҳои зиёд миёни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ мешаванд. Аз оғози соли 2019 дар сарҳади давлатҳо беш аз 10 низоъ, аз ҷумла, бо талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта шудааст.

Муноқишаи охир дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон 16-уми сентябр бо истифода аз силоҳ рух дод. Дар натиҷа се низомии Тоҷикистон ва як сарбози Қирғизистон ҳалок шуданд. Ҳамчунин аз ду ҷониб сокинони осоишта ҷароҳат бардоштанд.

Дар ин харитаи интерактивии мо “нуқтаҳои доғ”-и сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон бо зикри низоъҳои охир ва сабаби онҳо нишон дода шудаанд. Ҳамчунин дар харита постгоҳҳои назоратӣ зикр шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.