Фестивали футбол дар Душанбе бахшида ба гусели мунтахаби наврасон ба Бразилия

Рӯзи шанбе, 12-уми октябр дар майдонҳои футболи паҳлӯи Варзишгоҳи марказии Душанбе фестивали футбол доир мегардад. Чорабинӣ аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон (UNDP) гузаронида мешавад. Қабл аз ин чунин чорабиниҳо дар шаҳрҳои Ваҳдату Истаравшан ва Хуҷанду Бохтар доир гардида, ба гусели мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-17) ба Чемпионати […]

Рӯзи шанбе, 12-уми октябр дар майдонҳои футболи паҳлӯи Варзишгоҳи марказии Душанбе фестивали футбол доир мегардад.

Чорабинӣ аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон (UNDP) гузаронида мешавад.

Қабл аз ин чунин чорабиниҳо дар шаҳрҳои Ваҳдату Истаравшан ва Хуҷанду Бохтар доир гардида, ба гусели мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-17) ба Чемпионати ҷаҳон-2019 ба Бразилия бахшида шуданд.

Дар ин ҷашнҳои футбол бозигарони мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо кӯдакон машқҳо гузаронида, ба онҳо тӯб ва либосҳои варзишии хотиравӣ тақдим карданд.

Дар барномаи фестивали Душанбе низ баргузории машқҳо бо кӯдакон ва тақдими туҳфаҳо аз ҷониби футболбозон дар назар аст. Фестивал соати 11:30 оғоз мешавад.

Дар Чемпионати ҷаҳон-2019 байни футболбозони то 19-сола, ки аз 26 октябр то 17 ноябр дар Бразилия баргузор мешавад, футболбозони навраси тоҷик дар гурӯҳи “Е” бо дастаҳои Испания, Аргентина ва Камерун бозӣ мекунанд.

Дар мусобиқаи даври гурӯҳӣ мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон рӯзи 28-уми октябр бо тими Камерун, 31-уми октябр бо дастаи Испания ва 3-юми ноябр бо мунтахаби Аргентина рақобат мекунад.

Ҳамаи бозиҳои мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон дар варзишгоҳи «Estаdio Klеber Andrade»-и шаҳри Кариасика баругзор мешаванд.

Аз рӯйи натиҷаҳои қуръапартоии мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон-2019 байни наврасон 24 даста ба 6 гурӯҳ тақсим карда шуданд. Ба даври минбаъдаи мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон-2019 ду дастаи беҳтарини гурӯҳҳо, ҳамчунин 4 дастаи зинаҳои дуюми гурӯҳҳо бо нишондодҳои беҳтарин роҳхат мегиранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.