Истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо дар Тоҷикистон беш аз 30% афзуд

Ҳаҷми истеҳсоли тилло дар Тоҷикистон тӯли 9 моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30,2% афзуд. Тавре Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ хабар медиҳад, истеҳсоли нуқра дар ин давра 36,9% зиёд шудааст. Дар афзоиши ҳаҷми истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо саҳми корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Чин “Зарафшон” ва “Пакрут”, ҳамчунин корхонаи муштараки Тоҷикистону ИМА “Анзоб”, […]

Ҳаҷми истеҳсоли тилло дар Тоҷикистон тӯли 9 моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30,2% афзуд.

Тавре Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ хабар медиҳад, истеҳсоли нуқра дар ин давра 36,9% зиёд шудааст.

Дар афзоиши ҳаҷми истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо саҳми корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Чин “Зарафшон” ва “Пакрут”, ҳамчунин корхонаи муштараки Тоҷикистону ИМА “Анзоб”, ҶДММ “Шимшо” ва ҶДММ “Гули Мурод” қайд мешавад.

Металлҳои қиматбаҳои истеҳсолшударо Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати молия ва корхонаҳои заргарии кишвар мехаранд.

Мувофиқи пешгӯиҳои Вазорати саноат, дар муқоиса бо соли гузашта истеҳсоли тилло соли равон 10% ва нуқра 4,3% зиёд мешавад.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта дар Тоҷикистон рекорди навбатӣ гузоштанд: беш аз 6,4 тонна тилло истеҳсол шуд.

Соли 2018 ҳаҷми истеҳсоли ин металли гаронбаҳо дар Тоҷикистон нисбат ба соли пешин қариб 17% афзуд.

Тайи панҷ соли охир ҳаҷми истеҳсоли тилло дар кишвар беш аз 3 маротиба – аз 2 то 6,4 тонна зиёд шуд.

Бино ба маълумоти Вазорати саноат, Тоҷикистон захираҳои бойи тилло дорад. Дар ҷумҳурӣ 137 кон бо захираҳои ҳисобшудаи тиллои саноатӣ ва 127 кон бо захираҳои тиллои ғайрисаноатӣ мавҷуданд.

Конҳои асосии тиллои Тоҷикистон бо захираҳои тавозунӣ дар қисмати марказии ҷумҳурӣ воқеъ мебошанд.

Дар ҷумҳурӣ ба истихроҷи тилло асосан корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин “Зарафшон” машғул аст, ки наздики 70% аз ҳаҷми умумии истеҳсоли ин металли гаронбаҳо ба ҳиссаи он рост меояд.

Айни замон дар Тоҷикистон зиёда аз 10 корхона ба истеҳсоли тилло машғуланд, ки дар қатори КМ “Зарафшон”, бузургтарини онҳо КМ «Апрелевка», корхонаи давлатии «Тиллои тоҷик», корхонаи заршӯйӣ (артел)-и «Одина» ва ширкати «Пакрут» мебошанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.