Мағозаи “Голубой экран” ба ҷойи дигар мекӯчад

Фурӯшгоҳи таҷҳизоти “Голубой экран” ба ҷойи дигар мекӯчад. Бинои истиқоматии воқеъ дар кӯчаи Айнӣ 9 кӯчонида мешавад. “Айни замон амволи мағозаро ба яке аз чор биноҳои нав дар гузаргоҳи “Гардиши фурудгоҳ” бурда истодаанд”, – гуфт яке аз кормандони маркази хизматгузорӣ, ки дар ҳамсоягии фурӯшгоҳ ҷойгир аст. Дар ҳамин ҳол, ба куҷо кӯчидани марказҳои хизматгузорӣ алҳол маълум нест. Дар бинои […]

Фурӯшгоҳи таҷҳизоти “Голубой экран” ба ҷойи дигар мекӯчад. Бинои истиқоматии воқеъ дар кӯчаи Айнӣ 9 кӯчонида мешавад.

“Айни замон амволи мағозаро ба яке аз чор биноҳои нав дар гузаргоҳи “Гардиши фурудгоҳ” бурда истодаанд”, – гуфт яке аз кормандони маркази хизматгузорӣ, ки дар ҳамсоягии фурӯшгоҳ ҷойгир аст.

Дар ҳамин ҳол, ба куҷо кӯчидани марказҳои хизматгузорӣ алҳол маълум нест.

Дар бинои хонаи истиқоматӣ, ки охири солҳои 50-ум сохта шудааст, мағоза ва маркази хизматгузории барои душанбегиҳо маъруфи “Голубой экран” фаъолият мекард.

Он ҳам ба мисли “Олами кӯдакон”, “Гардиши фурудгоҳ”, “Ватан”, “8 Март”, “Фрунзе” барои сокинони шаҳр нуқта ё худ нишонае буданд, ки бо зикраш дар куҷо воқеъ будани ин ё он иншоот ё кӯчаеро муайян мешуд. Ҳозир низ бо вуҷуди тағйири ному аллакай вуҷуд надоштани чанде аз биноҳо, мардум ин минтақаҳоро маҳз чунин ном мебаранд.

Лоиҳаи ин биноҳоро муҳандис-меъмор Петр Кузменко, бинокори шоистаи ҶШС Тоҷикистон, узви Иттифоқи меъморони Иттиҳоди Шӯравӣ, муаллифи лоиҳаҳои беш аз 200 бинои бузург дар Душанбе, хатмкардаи Донишгоҳи сохтмонии Полтава таҳия кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.