Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти ИДМ дар Ашқобод

Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Туркманистон сафар кард. Тавре хадамоти матуоти сарвари давлат иттилоъ медиҳад, Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар вазири корҳои хориҷӣ, ёвари президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири рушди иқтисод ва савдо, прокурори генералии ҷумҳурӣ ва дигар шахсони […]

Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Туркманистон сафар кард.

Тавре хадамоти матуоти сарвари давлат иттилоъ медиҳад, Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар вазири корҳои хориҷӣ, ёвари президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири рушди иқтисод ва савдо, прокурори генералии ҷумҳурӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар доираи кори ҷаласа дар пойтахти Туркманистон Муроҷиати сарони кишварҳои ИДМ ба мардумони Иттиҳод ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар робита ба 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ҳамчунин санадҳои танзимкунандаи ҳамкорӣ дар муқовимат бо коррупсия, мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти ифротгароӣ, рушди табодули иттилоотӣ байни мақомоти салоҳиятдор дар соҳаи амният ва тартиботи ҳуқуқӣ, инчунин масоили мубориза бо ҷинояткорӣ мавриди баррасии роҳбарони давлатҳо қарор мегирад.

Ғайр аз ин, баррасии лоиҳаи санадҳо дар бораи ҳамкории иқтисодии кишварҳои узви Иттиҳод пешбинӣ шудааст.

Дар кори ҷаласа ҳамчунин масъалаи ба уҳдаи кадом давлат вогузор шудани раёсати Иттиҳод дар соли 2020 баррасӣ хоҳад шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.