Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, ки рӯзи чоршанбе ҷиҳати иштирок дар вохӯрии вузарои умури хориҷии кишварҳои узви ИДМ ба Ашқобод рафт, бо вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов дидору гуфтушунид кард. Тавре ВКХ Туркманистон хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ тамоми масъалаҳои робитаҳои Туркманистону Тоҷикистон дар соҳаҳои сиёсату иқтисод, фарҳанг ва ҳамкориҳои гуманитарӣ баррасӣ шуданд. Дипломатҳо […]

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, ки рӯзи чоршанбе ҷиҳати иштирок дар вохӯрии вузарои умури хориҷии кишварҳои узви ИДМ ба Ашқобод рафт, бо вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов дидору гуфтушунид кард.

Тавре ВКХ Туркманистон хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ тамоми масъалаҳои робитаҳои Туркманистону Тоҷикистон дар соҳаҳои сиёсату иқтисод, фарҳанг ва ҳамкориҳои гуманитарӣ баррасӣ шуданд.

Дипломатҳо дар бораи самаранокии ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байнулмилалӣ табодули назар карда, ба масъалаҳои минтақавӣ ва байнулмилалӣ таваҷҷуҳ намуданд.

“Ҷонибҳо изҳори итминон карданд, ки ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ва Шӯрои сарони кишварҳои узви ИДМ ба рушди минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманд байни кишварҳо саҳм мегузорад”, – хабар медиҳад ВКХ Туркманистон.

Ёдрас мекунем, ки имрӯз дар пойтахти Туркманистон – шаҳри Ашқобод нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) доир мегардад. Дар он кишваре муайян хоҳад шуд, ки раёсати Иттиҳодро дар соли 2020 ба уҳда мегирад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.