Гузориши Бонки ҷаҳонӣ: камбизоатӣ дар Тоҷикистон коҳиш меёбад

Ҳиссаи аҳолии камбизоати Тоҷикистон аз 29,5% дар соли 2017 то 27,4% дар соли 2018 коҳиш ёфт. Дар гузориши рӯзи 9-уми октябр нашршудаи Бонки ҷаҳонӣ таҳти унвони “Муҳоҷират ва бурунрафти мағзҳо” қайд мешавад, ки ин ба барқарор шудани интиқоли маблағ ва боло рафтани музди меҳнат вобаста аст. Ҳамчунин коҳиши бемайлони камбизоатии сатҳи пасттарин дар муддати панҷ […]

Ҳиссаи аҳолии камбизоати Тоҷикистон аз 29,5% дар соли 2017 то 27,4% дар соли 2018 коҳиш ёфт.

Дар гузориши рӯзи 9-уми октябр нашршудаи Бонки ҷаҳонӣ таҳти унвони “Муҳоҷират ва бурунрафти мағзҳо” қайд мешавад, ки ин ба барқарор шудани интиқоли маблағ ва боло рафтани музди меҳнат вобаста аст.

Ҳамчунин коҳиши бемайлони камбизоатии сатҳи пасттарин дар муддати панҷ соли охир – аз 18% дар соли 2013 то 12% дар соли 2018 қайд мешавад.

Дар гузориш зикр мегардад, ки камбизоатӣ дар деҳот ба таври қобили мулоҳиза – аз 36% дар соли 2014 то 30,2% дар соли 2018 коҳиш ёфтааст. Камбизоатӣ дар шаҳр нисбатан камтар – аз 24% дар соли 2015 то 21,5% дар соли 2018 ба қайд гирифта шудааст.

Қобили зикр аст, ки интиқоли маблағ ба Тоҷикистон аз қариб 4,2 млрд. доллар дар соли 2014 то ба 1,9 млрд. доллар дар соли 2016 кам шуд. Аммо давоми ду соли минбаъда он боз афзоиш ёфта, дар соли 2017 – 2 млрд. 536 млн. ва дар соли 2018 – 2 млрд. 553 млн. долларро ташкил дод.

Бино ба маълумоти Агентии омор, музди миёнаи меҳнат аз 1112 сомонӣ дар моҳи январи соли 2018 то ба 1466 сомонӣ дар моҳи июли соли ҷорӣ боло рафт.

Соли гузашта иқтисодчиёни Бонки ҷаҳонӣ ҳисобу китоб карда буданд, ки 50%-и аҳолии кишвари мо ҳадди ақал муддати се моҳ дар як сол дар ҳолати камбизоатии ҳадди поинтарин қарор мегиранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.