Ситоиши мақомоти ҳавонавардӣ аз кори фурудгоҳи Душанбе

Asia-Plus

Мақомоти авиатсионии Тоҷикистон ба фаъолияти Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) давоми нуҳ моҳи соли равон баҳои баланд доданд.

Икром Субҳонзода, директори Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати ҶТ дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳаи фурудгоҳ изҳор дошт, дар ин давра шумори мусофирону интиқоли бору бағоч ва ҳамлу нақли бор тариқи терминали боркашонии фурудгоҳ афзудааст.

Тавре дафтари матбуоти ФБД хабар медиҳад, ӯ бахусус таъкид дошт, ки теъдоди таъхири парвозҳо ва арзу иддаои мусофирон ба таври назаррас коҳиш ёфтааст.

Субҳонзода ба роҳбарияти фурудгоҳ барои меҳнату талоши босамар баҳри ободии корхона ва саҳми арзанда дар пешрафту ободонии пойтахти кишвар арзи сипос кард

Гуфта мешавад, дар 9 моҳи соли ҷорӣ ҶСК “Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе” ба 1 млн. 58 ҳазор мусофир хизмат расонид. Миқдори умумии бор ва почтаи аз ҷониби терминали боркашонии фурудгоҳ қабулгардида ва интиқолдодашуда 1919 тоннаро ташкил додааст.

“Дар давраи ҳисоботӣ оид ба наомадан, осеб дидан ва гум шудани бағоҷҳо аз ҷониби мусофирон 391 эрод ворид шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 592 эрод ё 60,23% камтар мебошад. Теъдоди ҳодисаҳои ба таъхир гузошта шудани парвозҳо 677 ададро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 200 парвоз ё 22,81% камтар мебошад”, – омадааст дар маълумоти ФБД.

Бино ба иттилои ФБД, сабаби асосии таъхири парвозҳо дер омадани ҳавопаймо аз фурудгоҳи макони парвоз, дахолати ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва шароити номуосиди обуҳаво мебошад.

Айни замон дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе парвозҳо аз ҷониби 15 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла, 5 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои хориҷии дур ва 2 ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон амалӣ мешаванд.

Аз фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ҳавопаймоҳо ба 13 шаҳри Русия, инчунин ба ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Олмон, Хитой, Афғонистон, Туркия, Ҳиндустон ва Амороти Муттаҳидаи Араб парвоз мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.