Зиндон ба ҷойи ҷарима. Сахттар шудани ҷазо барои шиканҷа

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон тағйирот ба Кодекси ҷиноятиро маъқул шуморид, ки сангинтар кардани чораи қонунгузорӣ барои истифодаи шиканҷаро пешбинӣ месозад. Зимни шарҳи тағйирот ба вакилон вазири адлияи ҷумҳурӣ Рустами Шоҳмурод дар ҷаласаи имрӯзаи парлумон қайд кард, ки тағйироти мазкур бо мақсади иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ ворид мешавад. “Мувофиқи тағйирот, ҷазо барои шиканҷа ба сифати […]

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон тағйирот ба Кодекси ҷиноятиро маъқул шуморид, ки сангинтар кардани чораи қонунгузорӣ барои истифодаи шиканҷаро пешбинӣ месозад.

Зимни шарҳи тағйирот ба вакилон вазири адлияи ҷумҳурӣ Рустами Шоҳмурод дар ҷаласаи имрӯзаи парлумон қайд кард, ки тағйироти мазкур бо мақсади иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ ворид мешавад.

“Мувофиқи тағйирот, ҷазо барои шиканҷа ба сифати ҷарима (аз 365 то 912 нишондиҳанда барои ҳисоб), ки дар Кодекси ҷиноятии амалкунанда вуҷуд дорад, бекор шуда, ба ҷазо дар шакли маҳрум кардан аз озодӣ ба муҳлати аз 3 то 5 сол иваз мешавад”, – гуфт вазир.

Ба гуфтаи ӯ, акнун муҳлати маҳрумият аз озодӣ барои такроран истифода шудани шиканҷа ё аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, ё нисбати занони айбдоршаванда дар ҳолати ҳомиладорӣ, ё шахси ноболиғ, ё маъюб бо расонидани зарари миёна ба саломатӣ аз 5 то 8 солро ташкил медиҳад.

“Агар шиканҷа бо расонидани зарари вазнин ба саломатӣ содир шуда бошад, ё бар асари он чабрдида ҳалок шавад, ё боиси дигар оқибатҳои вазнин гардад, барои ин ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 10 то 15 сол пешбинӣ шудааст”, – хабар дод Рустами Шоҳмурод.

Маҳкумшудагон ба шиканҷа ҳамчунин аз ҳуқуқи ишғоли вазифаҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то 15 сол (вобаста ба сатҳи вазнинии ҷинояти содиршуда) маҳрум карда мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.