Ситоиши мақомоти ҳавонавардӣ аз кори фурудгоҳи Душанбе

Мақомоти авиатсионии Тоҷикистон ба фаъолияти Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) давоми нуҳ моҳи соли равон баҳои баланд доданд. Икром Субҳонзода, директори Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати ҶТ дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳаи фурудгоҳ изҳор дошт, дар ин давра шумори мусофирону интиқоли бору бағоч ва ҳамлу нақли бор тариқи терминали боркашонии фурудгоҳ афзудааст. Тавре дафтари матбуоти ФБД хабар […]

Мақомоти авиатсионии Тоҷикистон ба фаъолияти Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) давоми нуҳ моҳи соли равон баҳои баланд доданд.

Икром Субҳонзода, директори Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати ҶТ дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳаи фурудгоҳ изҳор дошт, дар ин давра шумори мусофирону интиқоли бору бағоч ва ҳамлу нақли бор тариқи терминали боркашонии фурудгоҳ афзудааст.

Тавре дафтари матбуоти ФБД хабар медиҳад, ӯ бахусус таъкид дошт, ки теъдоди таъхири парвозҳо ва арзу иддаои мусофирон ба таври назаррас коҳиш ёфтааст.

Субҳонзода ба роҳбарияти фурудгоҳ барои меҳнату талоши босамар баҳри ободии корхона ва саҳми арзанда дар пешрафту ободонии пойтахти кишвар арзи сипос кард

Гуфта мешавад, дар 9 моҳи соли ҷорӣ ҶСК “Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе” ба 1 млн. 58 ҳазор мусофир хизмат расонид. Миқдори умумии бор ва почтаи аз ҷониби терминали боркашонии фурудгоҳ қабулгардида ва интиқолдодашуда 1919 тоннаро ташкил додааст.

“Дар давраи ҳисоботӣ оид ба наомадан, осеб дидан ва гум шудани бағоҷҳо аз ҷониби мусофирон 391 эрод ворид шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 592 эрод ё 60,23% камтар мебошад. Теъдоди ҳодисаҳои ба таъхир гузошта шудани парвозҳо 677 ададро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 200 парвоз ё 22,81% камтар мебошад”, – омадааст дар маълумоти ФБД.

Бино ба иттилои ФБД, сабаби асосии таъхири парвозҳо дер омадани ҳавопаймо аз фурудгоҳи макони парвоз, дахолати ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва шароити номуосиди обуҳаво мебошад.

Айни замон дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе парвозҳо аз ҷониби 15 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла, 5 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои хориҷии дур ва 2 ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон амалӣ мешаванд.

Аз фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ҳавопаймоҳо ба 13 шаҳри Русия, инчунин ба ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Олмон, Хитой, Афғонистон, Туркия, Ҳиндустон ва Амороти Муттаҳидаи Араб парвоз мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.