Пешниҳоди айбномаи нав ба Самариддин Раҷабов

Ба айбдоршавандаи “Парвандаи Маскав”, зодаи Тоҷикистон Самариддин Раҷабов дар таҳрири ниҳоӣ айбномаи нав пешниҳод шуд. Иштирокчии гирдиҳамоии рӯзи 27-уми июл ба таҳдиди истифодаи зӯроварӣ нисбат ба корманди пулис муттаҳам дониста мешавад. Дар ин бора "МБХ медиа" бо истинод ба ҳимоятгари «Правозащиты Открытки» Сергей Бадамшин хабар медиҳад. Раҷабовро дар таҳдиди истифодаи зӯроварӣ нисбат ба лейтенанти хурди пулис Линник ҳангоми […]

Ба айбдоршавандаи “Парвандаи Маскав”, зодаи Тоҷикистон Самариддин Раҷабов дар таҳрири ниҳоӣ айбномаи нав пешниҳод шуд. Иштирокчии гирдиҳамоии рӯзи 27-уми июл ба таҳдиди истифодаи зӯроварӣ нисбат ба корманди пулис муттаҳам дониста мешавад. Дар ин бора "МБХ медиа" бо истинод ба ҳимоятгари «Правозащиты Открытки» Сергей Бадамшин хабар медиҳад.

Раҷабовро дар таҳдиди истифодаи зӯроварӣ нисбат ба лейтенанти хурди пулис Линник ҳангоми гирдиҳамоии мувофиқанашуда айбдор медонанд.

Бино ба маълумоти Медуза, қаблан Линник изҳор дошта буд, ки Раҷабов шишаи обдорро сӯйи ӯ партофтааст, вале акнун мегӯяд, шишаро ҳамчун таҳдид қабул кардааст, зеро он ҳангоми ба замин афтодан садои баланду сахт баровардааст.

Ҳимояи Раҷабов ҷиҳати муайян кардани ба бемории рӯҳӣ гирифтор будани корманди пулис, ки ҳиссиёти ҳаросашро идора карда наметавонад, ба гузаронидани ташхиси равоншиносӣ исрор меварзад.

Раҷабов аснои гирдиҳамоии рӯзи 27-уми июл дар Маскав боздошт шуд. Вай аз 2-юми июл аз рӯйи парвандаи маъмурӣ дар бораи вайрон кардани тартиботи баргузории чорабинии оммавӣ дар ҳабс қарор дорад. Баъдан ӯро аз қабулгоҳи махсус гирифта, бо айбномаи иштирок дар “бетартибиҳои оммавӣ” ба боздоштгоҳи тафтишотӣ (СИЗО) фиристоданд.

Нашрияи “Новая газета” менависад, беш аз 300 нафар аҳли фарҳанг бо талаби қатъи ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани иштирокчии “Парвандаи Маскав” Самариддин Раҷабов номаи саркушод навиштанд.

Ин мактубро Людмила Улитская, Виктор Шендерович, ҳунарпешагон Яна Троянова, Александр Пал ва дигарон имзо карданд.

Пештар аз ин ҳунарманди маъруфи театру синамои Русия Павел Деревяко дар навори 12-дақиқаӣ таҳти унвони “Озодӣ ба ҳама!” нақши Самариддинро иҷро кард.

Павел Деревяко ва чанде аз дигар ҳунармандони рус аз иштирокдорони парвандаи марбут ба бетартибиҳои оммавӣ дар гирдиҳамоии мувофиқанашудаи Маскав пуштибонӣ карданд. Онҳо нақши 11 нафар айбдоршавандаҳоро бозида, аз номи онҳо саргузашташонро қисса намуданд. Матн аз рӯйи санади сабт (стенограмма)-и гуфтаҳои онҳо дар мурофиаҳои додгоҳӣ ва мусоҳибаи айбдоршавандагони “Парвандаи Маскав” таҳия шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.