Қайчӣ задани мӯйсари хонанда аз ҷониби омӯзгор дуруст аст?

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Чанде қабл дар гурӯҳи “Мо – Тоҷикистониён” дар Facebook модари яке аз хонандагони мактаби таҳсилоти умумии №6 шаҳри Бохтар хабар дод, ки дар ҷамъомади мактабӣ омӯзгор муйи сари чанде аз хонандагон, аз ҷумла, писари ӯро қайчӣ задааст.

“Ӯ аз мактаб омада, гиря кард ва гуфт, ки дигар ба мактаб намеравам. Агар бо писари шумо ҳамин хел муносибат кунанд, чӣ гуна рафтор мекардед?”, – пурсид ӯ.

Зери ин хабар корбарон ба ду гурӯҳ – тарафдорон, ки рафтори муаллимро номуносиб донистанд ва мухолифон, ки омӯзгорро барои “ба суханаш гӯш надодани хонандагону волидон” дастгирӣ карданд.

Сарвари мактаби №6-и шаҳри Бохтар Абӯбакр Файзализода тасдиқ кард, ки ин ҳодиса аввали моҳи октябр дар мактаб сурат пазируфтааст.

“Ман ҳам муроҷиати Саида Боеваро ба вазири маориф ва илми ҶТ дар Facebook хондам. Писари ӯ Дориюш дар синфи 4-уми мактаби мо таҳсил мекунад. Бо баҳои “хуб” ва “қаноатбахш” мехонад, лекин қоидаҳои дохилии муассисаро вайрон мекунад. Аз ҷумла, ба дарсҳо бе сарулибоси мактабӣ меояд”, – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи Файзализода, волидонаш ба симои зоҳирии ӯ таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд ва бо мӯйҳои расида ба машғулиятҳо ҳозир мешавад.

“Роҳбари синфаш чандин маротиба эрод гирифт, ки Дориюш мӯйҳояшро ба тартиб орад. Дар рӯзномааш ҳам чандин маротиба навишта шуд, то ки волидонаш аҳамият диҳанд. Мутаассифона, ҳамаи тадбирҳои аз ҷониби роҳбари синф ва муовини сарвар оид ба корҳои тарбиявӣ андешидашуда натиҷае надоданд. Роҳбари синф муовини сарвари мактаб Насрулло Қурбоновро дар ин хусус огоҳ кард. Ӯ дар навбати худ мӯйҳои Дориюшро назди гӯшҳояш каме қайчӣ зад, то ки волидонаш огоҳ шаванд”, – гуфт сарвари мактаб.

Ба қавли ӯ, масъалаи мазкур дар маҷлиси умумии омӯзгорон баррасӣ шуд.

“Мо дарк мекунем, ки нодуруст рафтор кардем. Насрулло Қурбонов муаллими ҷавону босавод аст. Аз моҳи сентябр муовини директор таъин шуд. Метавон гуфт, ки ин моҳҳои аввали кори ӯст. Ӯро ҳам фаҳмидан мумкин аст. Дар маҷлис ҳамаи муаллимон ҷиҳати роҳ надодан ба чунин ҳолатҳо огоҳонида шуданд. Аз ҷониби дигар, волидон низ уҳдадоранд, ки аввали соли хониш фарзандашонро ба мактаб омода кунанд, мӯяшро ба тартиб оранд, бо асбобу лавозимоти зарурии хониш таъмин кунанд ва ба сурати умум, қонун дар бораи масъулияти падару модаронро дар тарбияи фарзанд риоя кунанд”, – мегӯяд ӯ.

Вай афзуд, падару модарон низ бояд ба ҷараёни таҳсил ҷалб шаванд.

“Мутаассифона, аксари волидон ҳатто намепурсанд, ки чаро дар рӯзномаи фарзандашон баҳо нест, ба сатҳи дониши ӯ таваҷҷуҳе надоранд. Меоянду шикоят мекунанд, ки омӯзгорон фарзандони онҳоро барои гӯш надодан ба гапҳои муаллимону тайёр накардани дарсҳо сарзаниш мекунанд. Мо хеле хурсанд мешудем, агар волидон ба мактаб омада, дар дарсҳо иштирок, ба усули таълими омӯзгорони мо таваҷҷуҳ ва иштироки фарзандони худро дар дарсҳо назорат мекарданд. Падару модарон низ бояд дар таълиму тарбияи фарзандонашон ширкат варзанд. Мо баҳри таълиму тарбия ва донишандӯзии хонандагон ҳамаҷониба талош дорем”, – гуфт сарвари мактаб.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...