Best in Travel: Тоҷикистон дар феҳристи беҳтарин минтақаҳо барои сайёҳон

Мусо Бобоҳоҷиев, Asia-Plus

Дар рейтинги ҳамасолаи беҳтарин макон барои саёҳат Lonely Planet қисмате аз Роҳи бузурги абрешим, ки тариқи Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон мегузарад, сазовори зинаи аввал дар бахши минтақаҳо дониста шудааст.

“Ин минтақа беш аз пеш мавриди таваҷҷуҳи сайёҳон қарор мегирад ва ба кишварҳое, ки ин қисмати роҳ онҳоро убур мекунад, метавон бо раводиди электронӣ ё умуман бе раводид ворид шуд”, – қайд мешавад дар маводи Lonely Planet.

Рейтинг ба чор категория тақсим шудааст – 10 кишвар, 10 минтақа, 10 шаҳр ва 10 пешниҳоди муфидтарин.

Коршиносон ҳар кадом аз самтҳои ба рейтинг шомилшударо бар асоси омилҳои ҷолиб будани мавзеъ ва таассуроти нодир бардоштани сайёҳон аз ин макон баҳогузорӣ кардаанд.

Дар категорияи минтақаҳо қисмате аз Роҳи бузурги абрешим, ки тариқи Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон мегузарад, ба зинаи аввал муносиб дониста шудааст.

Мақоми аввалро дар категорияи кишварҳо Шоҳигарии Бутан ишғол кардааст. Ба даҳгонаи 2020 ҳамчунин Англия, Македонияи Шимолӣ, Аруба, Эсватини, Коста-Рика, Нидерланд, Либерия, Марокаш ва Уругвай шомиланд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.