Сарвари литсей дар Хуҷанд қариб 2,5 млн. сомониро тасарруф кардааст

Маблағҳои пардохти ҳаққи таҳсил, ғизо, истифодаи хобгоҳ ва иҷорапулии китобҳои дарсиро масъулини муассисаи таълимии давлатӣ аз худ кардаанд. Рӯзибоев Тоҳир Бекмуродович дар вазифаи директори Муассисаи давлатии литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд кор карда, тӯли солҳои 2016-2019 аз рӯйи маслиҳати пешакӣ бо сармуҳосиби муассиса Бобоқулов А.М. ва муҳосиб-хазинадор Ниёзов С.А. маблағи 842756 сомониро бо […]

Маблағҳои пардохти ҳаққи таҳсил, ғизо, истифодаи хобгоҳ ва иҷорапулии китобҳои дарсиро масъулини муассисаи таълимии давлатӣ аз худ кардаанд.

Рӯзибоев Тоҳир Бекмуродович дар вазифаи директори Муассисаи давлатии литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд кор карда, тӯли солҳои 2016-2019 аз рӯйи маслиҳати пешакӣ бо сармуҳосиби муассиса Бобоқулов А.М. ва муҳосиб-хазинадор Ниёзов С.А. маблағи 842756 сомониро бо роҳи ба хазина ворид накардан тасарруф намуданд. Ин маблағро волидайни хонандагон барои таҳсил, истифодаи хобгоҳ ва иҷорапулии китобҳои дарсӣ пардохта буданд.

Дар ин бора маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ хабар медиҳад.

Ба ҷуз ин, Тоҳир Рӯзибоев бо сармуҳосиби муассиса Бобоқулов А.М. ва мудири анбор Иброҳимов Х.А. дар давраи солҳои 2017-2019 бо сарвари ҶДММ “Файзи Музафар” Пулотов М. маслиҳати пешакӣ намуда, бо роҳи сохтакории 31 адад борхатҳои хароҷотӣ оид ба харидории молу маҳсулоти ғизоӣ 1640659 сомониро тасарруф карданд.

 Дар ин асос нисбат ба Рӯзибоев Т.Б., Бобоқулов А.М. ва дигарон бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б” (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) ва 323 (Сохтакории хизматӣ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.