Сарвари литсей дар Хуҷанд қариб 2,5 млн. сомониро тасарруф кардааст

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Маблағҳои пардохти ҳаққи таҳсил, ғизо, истифодаи хобгоҳ ва иҷорапулии китобҳои дарсиро масъулини муассисаи таълимии давлатӣ аз худ кардаанд.

Рӯзибоев Тоҳир Бекмуродович дар вазифаи директори Муассисаи давлатии литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд кор карда, тӯли солҳои 2016-2019 аз рӯйи маслиҳати пешакӣ бо сармуҳосиби муассиса Бобоқулов А.М. ва муҳосиб-хазинадор Ниёзов С.А. маблағи 842756 сомониро бо роҳи ба хазина ворид накардан тасарруф намуданд. Ин маблағро волидайни хонандагон барои таҳсил, истифодаи хобгоҳ ва иҷорапулии китобҳои дарсӣ пардохта буданд.

Дар ин бора маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ хабар медиҳад.

Ба ҷуз ин, Тоҳир Рӯзибоев бо сармуҳосиби муассиса Бобоқулов А.М. ва мудири анбор Иброҳимов Х.А. дар давраи солҳои 2017-2019 бо сарвари ҶДММ “Файзи Музафар” Пулотов М. маслиҳати пешакӣ намуда, бо роҳи сохтакории 31 адад борхатҳои хароҷотӣ оид ба харидории молу маҳсулоти ғизоӣ 1640659 сомониро тасарруф карданд.

 Дар ин асос нисбат ба Рӯзибоев Т.Б., Бобоқулов А.М. ва дигарон бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б” (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) ва 323 (Сохтакории хизматӣ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.