Даргузашти аввалин сарвари ТВ Тоҷикистон ва собиқ роҳбари “Тоҷикфилм”

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Собиқ роҳбари киностудияи “Тоҷикфилм” Обид Ҳомидов 24-уми октябр аз олам даргузашт. Ӯ нахустин сарвари телевизиони Тоҷикистон буда, дар таъсиси ансамбли маъруфи “Гулшан” ва гурӯҳҳои рақсии “Лола” ва “Зебо” саҳми беандоза дорад.

Маросими видоъ имрӯз, 25-уми октябр соати 12 дар манзили Обид Ҳомидов (кӯчаи Толстой), рӯ ба рӯйи осорхонаи Садриддин Айнӣ баргузор мешавад.

“Обид Ҳомидов продюсер ва роҳбарӣ ҳақиқӣ буд. Замони сарварии ӯ дар “Тоҷикфилм” филмҳои маъруфу писандида – “Нисо”, Марги судхӯр”, “Рустам ва Суҳроб” ва ғайра наворбардорӣ шудаанд. Дар даврони шӯравӣ вазифаи продюсерӣ бар дӯши сарвари киностудия буд”, – изҳор дошт ба “Азия-Плюс” раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон Сафар Ҳақдод.

Ҳайати эҷодии Гурӯҳи расонаҳои ASIA-Plus ба наздикону пайвандони Обид Ҳомидов изҳори таслият мекунад!

Обид Ҳомидов 9-уми майи соли 1926 дар Бухоро ба дунё омадааст. Солҳои 30-юм оилаи Ҳомидовҳо ба Душанбе кӯчида, Обид дар ин ҷо мактаби миёнаро хатм кардааст ва муддате ба рӯзноманигорӣ машғул шудааст. Аввали соли 1945 ба аскарӣ рафта, пас аз панҷ сол ба хона бармегардад.

Пас аз хатми донишкадаи омӯзгорӣ Обид Ҳомидов дар соҳаи синамо ба фаъолият пардохта, баъд аз чанде нозири шуъбаи таблиғоти Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон таъин мешавад.

Соли 1959 Обид Ҳомидов аввалин сарвари телевизиони Тоҷикистон таъин шуда, солҳои 60-ум ӯро ба кор дар киностудияи “Тоҷикфилм” мегузаронанд. Дар ин ҷо бо мусоидати ӯ филми “Парчами Кова” (коргардон Борис Кимёгаров), филми аввалин аз рӯйи асари Фирдавсӣ “Шоҳнома”, филми таърихии “Ситорае дар тирашаб” (коргардон Абдусалом Раҳимов) бахшида ба Аҳмади Дониш ва дигар филмҳо наворбардорӣ шуданд. Солҳои 70-ум Обид Ҳомидов ба Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ роҳбарӣ кардааст.

Обид Ҳомидов 3 писар дорад, ки пешаи падарро интихоб кардаанд. Яке аз онҳо Оқил Ҳомидов соли 1984 Донишкадаи давлатии умумиттифоқии кинематография (ВГИК)-ро дар Маскав аз рӯйи ихтисоси наворбардор-басаҳнагузорандаи филмҳои ҳунарӣ ва мустанад хатм кард. Аз соли 1994 Оқил Ҳомидов дар Лаҳистон зиндагӣ дошта, ба киностудияи худаш роҳбарӣ мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...