Парлумони Тоҷикистон қонун “Дар бораи авф-ро қабул кард

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ имрӯз, 25-уми октябр лоиҳаи қонуни пешниҳодкардаи раисҷумҳур “Дар бораи авф”-ро қабул кард.

Зимни шарҳи қонун ба вакилон прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон гуфт, ки қонун дар нисбати зиёда аз 20 ҳазор нафар татбиқ карда мешавад.

Мувофиқи маълумоти пешакӣ, тақрибан 600 нафар гумонбаршудагон, айбдоршавандагон ва судшавандагон, 3100 нафар маҳкумшудагон аз муассисаҳои ислоҳӣ ва 3000 нафар маҳкумшудагон аз муассисаҳои ислоҳии сукунат озод мешаванд.

Ҳамчунин беш аз 4500 нафар маҳкумшудагон ва зиндониён, ки нисбат ба онҳо дигар навъҳои ҷазои ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда (корҳои ислоҳӣ, шартан иҷро нашудани ҷазо, боздошти иҷрои ҷазо) татбиқ шудааст, озод карда мешаванд.

Ҳамин тариқ, изҳор дошт прокурори генералӣ, ҳамаи 11200 нафар шахсони мазкур аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд.

Ба гуфтаи Юсуф Раҳмон, ҳамчунин аз 300 нафар занони маҳбус, ки айни ҳол дар муассисаҳои ислоҳии занона адои ҷазо мекунанд, 165 нафарашон ва аз 75 ноболиғе, ки дар муассисаҳои ислоҳии тарбиявӣ қарор доранд, 58 нафарашон ба озодӣ мебароянд.

Ба ҷуз ин, аз адои ҷазои минбаъда мардони аз синни 55 боло; маъюбони гурӯҳҳои I, II ва III, инчунин шахсони гирифтори бемориҳои омоси бадсифати марҳилаи 4 ва гурӯҳи клиникии 4 аз рӯйи таснифи байнулмилалӣ, ба омоси бадсифати бофтаҳои лимфоидӣ ва хунофар, сили узвҳои нафас ва пошхӯрдаи шадиди шуш, бемории ишемиявии дил-стенокардияи фаъолияти ҷисмонии гурӯҳҳои III ва IV мансуб донисташуда, инчунин иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар, шахсоне, ки бар асари фалокати нерӯгоҳи барқии атомии Чернобил зарар дидаанд, шахсоне, ки мукофотҳои давлатӣ доранд ва шаҳрвандони хориҷӣ озод карда мешаванд.

Шахсоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намудаанд, новобаста аз намуди ҷазо, аз адои ҷазо пурра озод карда мешаванд. Шахсоне, ки барои содир намудани ҷиноятҳои дараҷаи начандон вазнин ва дараҷаи миёна ба муҳлати то 5 сол маҳкум шудаанд, озод карда мешаванд.

Ҳамзамон бо ин шахсоне, ки барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин маҳкум шуда, аз се ду ҳиссаи муҳлати ҷазоро адо кардаанд, ё барои содир намудани ҷинояти махсусан вазнин маҳкум шуда, аз чор се ҳиссаи муҳлати ҷазоро дар ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ адо кардаанд, аз адои ҷазои боқимонда озод карда мешаванд. Муҳлати ҷазои беш аз 8800 нафар маҳкумшудагон кам карда мешавад.

Дар ҳамин ҳол, бандҳои қонун нисбат ба шахсоне, ки ба ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва ифротгароӣ даст задаанд, ё маҳкумшудагон барои даъвати сарнагун кардани сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат татбиқ намешавад.

Нисбат ба шахсоне, ки ба ҷазои якумра маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, инчунин шахсоне, ки нисбат ба онҳо ҷазои қатл ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст ва шахсоне, ки дар маҳалли адои ҷазо ҷиноят содир кардаанд, амали ин қонун татбиқ карда намешавад.

Қонун нисбат ба шахсоне, ки барои истифодаи зӯроварӣ ва таҳқири намояндаи ҳокимият маҳкум шудаанд, низ мавриди амал қарор намегирад.

Муҳлати амалисозии ҳамаи бандҳои қонун 2 моҳ муқаррар шудааст.

Авфи 16-уми даврони истиқлол

Вакил Абдуҳалим Ғаффоров пешниҳод кард, ки моҳияти қонун ба аҳолӣ тариқи ВАО фаҳмонида шавад, бахусус, тавассути телевизион, то ки ҳодисаҳои коррупсионӣ ҳангоми иҷрои бандҳои санад пешгирӣ карда шавад.

Ӯ зикр кард, ки одамон бояд бахубӣ воқиф бошанд, то ки аз ҳуқуқашон мувофиқи қонун истифода кунанд.

Дар Тоҷикистон авф маъмулан дар остонаи ҷашнҳои асосии давлатӣ эълон мешавад.

Ҳамин тариқ, соли 2014 ба ифтихори 20-солагии Конститутсияи Тоҷикистон 10 ҳазор нафар ва соли 2011 ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ (авфи тиллоӣ) 15 ҳазор нафар мавриди авф қарор гирифтанд.

Авфи ҳозира 16-умин дар тӯли солҳои соҳибистиқлолии кишвар буда, ба муносибати 25-солагии Конутитутсияи ҷумҳурӣ қабул мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...