Яке аз кормандони пулис ҷабрдидаи Самариддин Раҷабов набудааст

Asia-Plus

Корманди пулис Виталий Максидов ҷабрида буданро дар парвандаи Самариддин Раҷабов, яке аз иштирокчиёни “Парвандаи Маскав” рад кард. Дар ин бора «МБХ медиа» бо истинод ба адвокати «Правозащиты Открытки» Сергей Бадамшин хабар медиҳад.

“Максидов ба сифати шоҳид бозпурсӣ шуда, дар идома мақомоти тафтишот ба ӯ “нақш”-и ҷабрдидаро “пешниҳод кардаанд”, ки розигӣ надодааст. Ғайр аз ин, бино ба маълумоти дарёфтии мо, баъд аз ҳодисаҳои рӯзи 27 июл ӯ аз кор дар мақомоти пулис даст кашидааст”, – гуфтааст Бадамшин.

Самариддин Раҷабов бо он айбдор мешавад, ки дар гирдиҳамойии эътирозӣ дар Маскав ба сӯйи корманди Росгвардия шишаи пластикӣ ҳаво додааст. Худи ӯ гуноҳро эътироф намекунад. Дар парвандаи Раҷабов айни замон се нафар ба сифати ҷабрдидагон иштирок доранд.

Самариддин Раҷабов рӯзи 27 июл дар гирдиҳамойии эътирозӣ дар Маскав боздошт ва аз 2 август таҳти ҳабс қарор дорад.

То ҳабс Самариддин бо лақаби MarDD сурудҳои реп эҷод карда, дар тиҷорати сохтмон кор мекард ва гоҳ-гоҳ дар иқдомҳои эътирозӣ ширкат меварзид.

Самариддин айни замон дар даст доштан ба ҷиноятҳо мутобиқи ду моддаи КҶ Русия – иштирок дар бетартибиҳои оммавӣ ва истифодаи зӯроварӣ нисбати корманди пулис айбдор карда шуда, ба ӯ то 11,5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Дастгирии ходимони фарҳанг аз Самариддин

Беш аз 300 нафар аҳли фарҳанги Русия бо талаби қатъи ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани иштирокчии “Парвандаи Маскав” Самариддин Раҷабов номаи саркушод навиштанд.

Ин мактубро Людмила Улитская, Виктор Шендерович, ҳунарпешагон Яна Троянова, Александр Пал ва дигарон имзо карданд.

Қаблан ҳунарманди маъруфи театру синамои Русия Павел Деревяко дар навори видеои 12-дақиқаӣ таҳти унвони “Озодӣ ба ҳама!” нақши Самариддинро иҷро кард.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Ӯ дирӯз, 29-уми март "бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.