Пуштибонии ҳунарпешаи маъруфи рус аз Самариддин Раҷабов, иштирокдори “Парвандаи Маскав”

Ҳунарманди маъруфи театру синамои Русия Павел Деревяко дар навори видеои 12-дақиқаӣ таҳти унвони “Озодӣ ба ҳама!” нақши Самариддинро иҷро кард. Павел Деревяко ва чанде аз дигар ҳунармандони рус аз иштирокдорони парвандаи марбут ба бетартибиҳои оммавӣ дар гирдиҳамоии мувофиқанашудаи рӯзи 27-уми июл дар Маскав пуштибонӣ карданд. Онҳо нақши 11 нафар айбдоршавандаҳоро бозида, аз номи онҳо саргузашташонро […]

Ҳунарманди маъруфи театру синамои Русия Павел Деревяко дар навори видеои 12-дақиқаӣ таҳти унвони “Озодӣ ба ҳама!” нақши Самариддинро иҷро кард.

Павел Деревяко ва чанде аз дигар ҳунармандони рус аз иштирокдорони парвандаи марбут ба бетартибиҳои оммавӣ дар гирдиҳамоии мувофиқанашудаи рӯзи 27-уми июл дар Маскав пуштибонӣ карданд. Онҳо нақши 11 нафар айбдоршавандаҳоро бозида, аз номи онҳо саргузашташонро қисса намуданд. Матн аз рӯйи санади сабт (стенограмма)-и гуфтаҳои онҳо дар мурофиаҳои додгоҳӣ ва мусоҳибаи айбдоршавандагони “Парвандаи Маскав” таҳия шудааст.

“Дар боздоштгоҳи тафтишотӣ (СИЗО) таблиғи шадиди усули зиндагии дуздон вуҷуд дорад. Дар ин ҷо ҳар қадар бештар монам, ҳамон андоза ба ин усули зиндагӣ фурӯ меравам. Ин хеле сахт аст. Ман намехоҳам ин ҷо бошам. Мехоҳам дар хона бишинам”, – мегӯяд Деревяко дар нақши Самариддин.

Зодаи 21-солаи Тоҷикистон дар бенизомии оммавӣ (тибқи моддаи 212, қ. 2 ба ӯ то 8 соли зиндон таҳдид мекунад) ҳангоми гирдиҳамоии иҷозанашуда дар робита ба интихоботи Думаи давлатӣ айбдор карда мешавад.

Тибқи фарзияи тафтишот, ӯ ба сӯйи корманди Росгвардия зарфи обро партофта, он ба гардани афсар бархӯрдаааст.

Худи корманди Росгвардия мегӯяд, надидааст, ки маҳз кӣ ба сӯйи ӯ зарфи обро партофтааст.

Айни замон Раҷабов дар СИЗО-и “Матросская тишина”-и Маскав нигаҳдорӣ мешавад. Ҳимоятгари ӯ мегӯяд, “руҳияи Самариддин хуб асту ба навиштани матнҳои нави рэп машғул аст». Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.