Қоҳир Расулзода бо раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев вохӯрд

Раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев имрӯз, 1-уми ноябр дар шаҳри Тошканд сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзодаро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раисҷумҳури Ӯзбекистон, зимни вохӯрӣ масоили рушди босуръати муносибатҳои дӯстона ва ҳамсоядории нек баррасӣ шудааст, ки ба шарофати кӯшишҳои муштараки сарони ду кишвар ба сатҳи шарикии стратегӣ расидааст. Ҳамчунин аҳаммияти татбиқи саривақтӣ ва пурраи […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев имрӯз, 1-уми ноябр дар шаҳри Тошканд сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзодаро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раисҷумҳури Ӯзбекистон, зимни вохӯрӣ масоили рушди босуръати муносибатҳои дӯстона ва ҳамсоядории нек баррасӣ шудааст, ки ба шарофати кӯшишҳои муштараки сарони ду кишвар ба сатҳи шарикии стратегӣ расидааст.

Ҳамчунин аҳаммияти татбиқи саривақтӣ ва пурраи созишномаҳои сатҳи баланд дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, энергетикӣ, нақлиётӣ, гуманитарию фарҳангӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок таъкид гардид.

Дар ҷараёни мулоқот ба масъалаҳои густариши ҳамкорӣ байни минтақаҳои наздисарҳадӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир шудааст.

Ёдовар мешавем, ки сарвазири Тоҷикистон бо сафари дурӯзаи корӣ ба шаҳри Тошканд рафта, дар ҷаласаи роҳбарони ҳукуматҳои мамолики аъзои Созмони ҳамкории Шонҳой (СҲШ) иштирок дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.