Ҳукумат лоиҳаи буҷети соли 2020-ро маъқул шуморид

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон, раиси ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 31-уми октябр маҷлиси навбатии ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2020” баррасӣ шуд.

Тавре дафтари матбуоти раисҷумҳур хабар медиҳад, дар маҷлис ҳамчунин дурнамои нишондиҳандаҳои буҷет барои солҳои 2021-2022 ва натиҷаҳои рушди иқтисоди миллӣ дар 9 моҳи соли 2019 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Сарвари давлат таъкид дошт, ки қисми даромади умумии Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2020 дар ҳаҷми 26,1 млрд сомонӣ, хароҷоти он 26,4 млрд. сомонӣ ва касри он ба андозаи 0,4 фоизи дурнамои Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар барои соли 2020 ё ба маблағи 349,5 млн. сомонӣ муқаррар карда шуд.

Гуфта мешавад, дар лоиҳаи Қонун “Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2020” ба соҳаҳои иҷтимоии кишвар афзалият дода мешавад. Дар соли 2020 барои ин соҳаҳо масраф кардани 11,7 млрд сомонӣ баробар ба 44,4 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба нақша гирифта шудааст.

“Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ барои соли 2021 дар ҳаҷми 28,6 миллиард сомонӣ ва дар соли 2022-юм 31 миллиард сомонӣ, ҳаҷми умумии хароҷоти он бошад, мутаносибан ба маблағи 29,1 миллиард сомонӣ ва дар доираи 31,5 миллиард сомонӣ дар назар дошта шудааст”, – омадааст дар хабар.

Зикр мешавад, ки дар идомаи маҷлис гузориши вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода дар бораи лоиҳаи Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2020 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2021-2022 шунида шуд.

Зимнан гуфта шуд, ки ҷалби қарзҳои беруна тибқи афзалиятҳои муайянгардида ба роҳ монда шуда, харҷи самараноки ин маблағҳо таъмин гардад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.