Ҳукумат лоиҳаи буҷети соли 2020-ро маъқул шуморид

Таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон, раиси ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 31-уми октябр маҷлиси навбатии ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2020” баррасӣ шуд. Тавре дафтари матбуоти раисҷумҳур хабар медиҳад, дар маҷлис ҳамчунин дурнамои нишондиҳандаҳои буҷет барои солҳои 2021-2022 ва натиҷаҳои рушди иқтисоди миллӣ дар 9 […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон, раиси ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 31-уми октябр маҷлиси навбатии ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2020” баррасӣ шуд.

Тавре дафтари матбуоти раисҷумҳур хабар медиҳад, дар маҷлис ҳамчунин дурнамои нишондиҳандаҳои буҷет барои солҳои 2021-2022 ва натиҷаҳои рушди иқтисоди миллӣ дар 9 моҳи соли 2019 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Сарвари давлат таъкид дошт, ки қисми даромади умумии Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2020 дар ҳаҷми 26,1 млрд сомонӣ, хароҷоти он 26,4 млрд. сомонӣ ва касри он ба андозаи 0,4 фоизи дурнамои Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар барои соли 2020 ё ба маблағи 349,5 млн. сомонӣ муқаррар карда шуд.

Гуфта мешавад, дар лоиҳаи Қонун “Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2020” ба соҳаҳои иҷтимоии кишвар афзалият дода мешавад. Дар соли 2020 барои ин соҳаҳо масраф кардани 11,7 млрд сомонӣ баробар ба 44,4 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба нақша гирифта шудааст.

“Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ барои соли 2021 дар ҳаҷми 28,6 миллиард сомонӣ ва дар соли 2022-юм 31 миллиард сомонӣ, ҳаҷми умумии хароҷоти он бошад, мутаносибан ба маблағи 29,1 миллиард сомонӣ ва дар доираи 31,5 миллиард сомонӣ дар назар дошта шудааст”, – омадааст дар хабар.

Зикр мешавад, ки дар идомаи маҷлис гузориши вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода дар бораи лоиҳаи Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2020 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2021-2022 шунида шуд.

Зимнан гуфта шуд, ки ҷалби қарзҳои беруна тибқи афзалиятҳои муайянгардида ба роҳ монда шуда, харҷи самараноки ин маблағҳо таъмин гардад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.