Эмомалӣ Раҳмон азми сафари якҳафтаина ба Аврупо дорад

Ҳафтаи оянда раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Швейтсария, Чехия ва Фаронса боздид мекунад. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Ҳукумати ҶТ хабар дод, аз эҳтимол дур нест, ки дар ҷараёни сафари худ ба Аврупо аз 4 то 12-уми ноябр раисҷумҳури Тоҷикистон аз дигар кишварҳои ин қора низ боздид кунад. Коршиносони тоҷик бар ин назаранд, ки Душанбеи […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ҳафтаи оянда раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Швейтсария, Чехия ва Фаронса боздид мекунад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Ҳукумати ҶТ хабар дод, аз эҳтимол дур нест, ки дар ҷараёни сафари худ ба Аврупо аз 4 то 12-уми ноябр раисҷумҳури Тоҷикистон аз дигар кишварҳои ин қора низ боздид кунад.

Коршиносони тоҷик бар ин назаранд, ки Душанбеи расмӣ ба дастгирии кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар бахшҳои иқтисоду молия ва сармоягузориву амният даст ёфтанист.

Ба ақидаи аксари онҳо, сафари қарибулвуқӯъи Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо барояш осон нахоҳад буд.

“Дар Аврупо ба раисҷумҳури Тоҷикистон дар бораи вазъи озодии баён дар кишвар, қатъи дастрасӣ ба сомонаҳои интернетӣ, маъракаҳои интихоботи парлумонӣ дар аввали баҳор ва президентӣ дар тирамоҳи соли 2020 суолҳои душвор хоҳанд дод”, – мегӯянд коршиносон.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.