Дидбонгоҳи марзи Тоҷикистону Афғонистон ба $900 ҳазор бунёд шуд

Дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон дидбонгоҳи сарҳадии Оқултун сохта, ба истифода дода шуд. Дар ин бора сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар медиҳад. Имрӯз дар маросими ифтитоҳи дидбонгоҳи мазкур муовини қумандони Қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Абдусаттор Шоҳиён ва кордори муваққатии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Гинкел ширкат варзиданд. Лоиҳаи сохтмон ба маблағи 900 ҳазор доллари ИМА […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон дидбонгоҳи сарҳадии Оқултун сохта, ба истифода дода шуд. Дар ин бора сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар медиҳад.

Имрӯз дар маросими ифтитоҳи дидбонгоҳи мазкур муовини қумандони Қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Абдусаттор Шоҳиён ва кордори муваққатии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Гинкел ширкат варзиданд.

Лоиҳаи сохтмон ба маблағи 900 ҳазор доллари ИМА аз тарафи Дафтари ҳамкориҳои ҳарбии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон таъмин ва амалӣ карда шуд. Иншооти мазкур иқтидори Қушунҳои сарҳадиро дар назорати доимии марзи муштарак бо Афғонистон дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон таъмин мекунад.

Он қобилияти марзбононро дар назорат ва пешгирии сарҳадшиканиҳои ғайриқонунӣ ба масоҳати тақрибан 15-20 км якчанд маротиба афзуда, муқовимат ба таҳдидҳои фаромиллӣ, аз ҷумла, қочоқбарони маводи мухаддир ва тундравони ҷангҷӯро боз ҳам қавитар мекунад.

Бо кумаки Сафорати ИМА сохтмон ва таъмири 9 дидбонгоҳи сарҳадӣ ва 2 отряд дар марзи Точикистону Афғонистон анҷом дода шуд. Мақсад аз он таҳкими амнияти сарҳади Тоҷикистон мебошад. Ҳукумати ИМА аз соли 2005 инҷониб барои тақвияти марзи Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 100 млн. доллар кумак пешниҳод кардааст.

Иёлоти Муттаҳида бо Тоҷикистон тӯли 27 сол боз ҳамкорӣ дошта, барои рушд ва кумак беш аз 1,8 миллиард доллари ИМА-ро тариқи барномаҳои дастгирии бахши хусусӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, институтҳои демократӣ ва амният пешниҳод кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.