Шумори нафақахӯрон дар Тоҷикистон ба 700 ҳазор наздик шуд

Шумори умумии нафақахӯрон дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 1-уми октябри соли 2019 беш аз 697 ҳазор нафарро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,9% бештар аст. Дар ин бора Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Президенти ҶТ хабар медиҳад. Аввали моҳи октябри соли 2018 теъдоди нафақахӯрон дар кишвар 677 ҳазор нафар буд. Тибқи […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Шумори умумии нафақахӯрон дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 1-уми октябри соли 2019 беш аз 697 ҳазор нафарро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,9% бештар аст. Дар ин бора Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Президенти ҶТ хабар медиҳад.

Аввали моҳи октябри соли 2018 теъдоди нафақахӯрон дар кишвар 677 ҳазор нафар буд.

Тибқи маълумоти Агентии омор, шумори шахсони коргар дар ҷумҳурӣ наздики 2 млрд. 320 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Ҳамин тариқ, ба ҳар як нафақахӯр 3,4 шахси коркунанда рост меояд. Агар ба назар гирифта шавад, ки таносуби нафақахӯрон ва коргарон масалан, дар Русия ба 1:1,2 нафар, дар Қирғизистон ба 1:1 нафар рост меояд, пас, ин нишондиҳандаи бад нест.

Мувофиқи иттилои Агентии омор, дар 9 моҳи соли равон маблағи умумии пардохти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ ҳудуди 1,8 млрд. сомониро ташкил додааст.

Шумори умумии шахсоне, ки нафақа ва кумакпулиҳо мегиранд, ба зиёда аз 686 ҳазор нафар расидааст.

Шумори нафақахӯрони шахсӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 1-уми октябри ҳамин сол 34 нафарро ташкил дода, дар моҳи сентябр ба ҳамаи онҳо дар маҷмӯъ 20 ҳазор сомонӣ нафақа пардохт шудааст, яъне ҳаҷми миёнаи нафақаи онҳо баробари 588 сомонӣ аст.

Бино ба маълумоти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, маблағи нафақа ба ҳисоби миёна дар саросари кишвар айни замон ба 303 сомонӣ (31 доллар) баробар аст.

Барои муқоиса,  нафақаи миёна дар Ӯзбекистон – 37 доллар, Қирғизистон – 69 доллар, Қазоқистон – 261 доллар ва Русия – 174 долларро ташкил медиҳад.

Мувофиқи қонун “Дар бораи таъминоти нафақаи шаҳрвандон”, дар Тоҷикистон мардон дар синни 63 ва занон дар синни 58-солагӣ ба нафақа мебароянд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.