Чемпионати ҷаҳон барои мунтахаби наврасони Тоҷикистон анҷом ёфт

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар бозии ниҳоии даври гурӯҳии Чемпионати ҷаҳон-2019 аз тими Аргетина бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд. Голи дастаи Тоҷикистонро Рустам Соиров аз пеналтӣ ба ҳадаф расонд. Дар бозии дигари гурӯҳӣ мунтахаби Испания дастаи Камерунро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Дар гурӯҳи “Е” тими наврасони тоҷик аз се бозии анҷомдодаи худ 3 […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар бозии ниҳоии даври гурӯҳии Чемпионати ҷаҳон-2019 аз тими Аргетина бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд. Голи дастаи Тоҷикистонро Рустам Соиров аз пеналтӣ ба ҳадаф расонд.

Дар бозии дигари гурӯҳӣ мунтахаби Испания дастаи Камерунро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод.

Дар гурӯҳи “Е” тими наврасони тоҷик аз се бозии анҷомдодаи худ 3 имтиёз ба даст оварда, аз роҳхат ба марҳилаи ҳаштякниҳоӣ ва ҳаққи идомаи бозӣ дар Чемпионати ҷаҳон-2019 маҳрум шуданд. Аз ин гурӯҳ дастаҳои мунтахаби наврасони Испания ва Аргентина ба даври дигар баромаданд.

Дар даври 1/8-финалии Чемпионати ҷаҳон-2019 миёни наврасон дастаҳои Ангола бо Кореяи Ҷанубӣ, Нигерия бо Ҳолланд, Ҷопон бо Мексика, Испания бо Сенегал, Бразил бо Чилӣ, Фаронса бо Австралия, Эквадор бо Италия ва Парагвай бо Аргентина вомехӯранд. Бозиҳои ин давр 5, 6 ва 7-уми ноябр баргузор мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки дастаи Тоҷикистон ягона тим аз байни тамоми кишварҳои пасошӯравӣ буд, ки ба марҳалаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонӣ роҳхат гирифт.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз таъсиси “IT Park Dushanbe” як сол гузашт. Он чӣ дастовард дорад?

70 ширкату 23 млн сомонӣ ва имконоти бештар барои занон.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 64

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.