Эмомалӣ Раҳмон сафараш ба Аврупоро қатъ накарда, равонаи Порис мешавад

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ҳуҷуми мусаллаҳонаи ҷангиёни Давлати исломӣ (фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшуда) ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и «Ишқобод» дар наздикии марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон барномаи сафари раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро ба Швейтсария ва Фаронса тағйир надод.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаи огаҳ аз ин масъала дар ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, сарвари давлат аз вазъи кишвар бохабар буда, бо намояндагони ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус, роҳбарони сохтори қудратӣ мудом дар робита аст ва дастуру супоришҳои зарурӣ медиҳад.

“Масъалаи пеш аз муҳлати пешбинишудаи сафар ба Душанбе баргаштани президент мавриди баррасӣ қарор надорад”, – таъкид дошт манбаъ.

Ба гуфтаи ӯ, рӯзи 11-уми ноябр пас аз анҷоми сафари расмӣ ба Фаронса Эмомалӣ Раҳмон дар кори Анҷумани сулҳи Порис, ки маротибаи дуюм аз 11 то 13 ноябр дар Толори бузурги боғи Ла-Виллет доир мешавад, иштирок ва суханронӣ мекунад.

Зикр шуд, ки Анҷумани сулҳи Порис барои ҳалли мушкилоти доимо пайдошавандаи ҷаҳонӣ ва ҳифзи усули бисёрҷониба нақши муҳим дорад. Он ҳамаи иштирокдорони равандро муттаҳид месозад ва таҳияи қарорҳои мушаххасро оид ба танзими глобалӣ осонтар мекунад.

Баъд аз анҷоми сафар ба Фаронса президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 12-уми ноябр ба Душанбе бармегардад.

Ӯ рӯзи 6-уми ноябр дар Швейтсария бо доираи соҳибкорону сармоягузорон ва роҳбарони ширкатҳои ин кишвар мулоқот кард.

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки лоиҳаҳо дар соҳаҳои гуногуни энергетикӣ, инфрасохторӣ, бахши истеҳсолоти саноатӣ, саноати кўҳӣ, сабук ва хӯрокворӣ, аз ҷумла, коркарди маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза, металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо, нахи пахта, пилла ва умуман, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз ашёи хом, бахшҳои молия ва бонкдорӣ, сайёҳӣ ва дорусозӣ барои кишвари мо аз самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ бо доираи соҳибкорону сармоягузорони хориҷӣ мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон аз доираи соҳибкорон ва сармоягузорони Швейтсария даъват ба амал овард, ки ҷиҳати шиносоии наздик ва ба роҳ мондани ҳамкории зичу мутақобилан судманд ба Тоҷикистон ташриф оварда, дар татбиқи лоиҳаҳое, ки аз лиҳози иқтисодӣ фоидаи зиёд меоранд, иштирок кунанд.

Дар ҳузури раисҷумҳури Тоҷикистон 3 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

– Ёддошти тафоҳум байни Палатаи муштараки савдои Швейтсария ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ;­­­

– Ёддошти тафоҳум байни Созмони миллии маркетингии Швейтсария ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;

– Ёддошти тафоҳум байни Ширкати “Гленкор”-и Конфедератсияи Швейтсария ва Ширкати “Талко”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба интиқоли мутақобилаи молу маҳсулот ба маблағи 1,3 миллиард доллари ИМА.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...