Натиҷаҳои сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Швейтсария

Asia-Plus

Раиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Конфедератсияи Швейтсария рӯзи 5-уми ноябр бо президенти ин кишвар Ули Маурер ва президенти ширкати байналмилалии “Гленкор“ (Glencore International AG) Айван Глазенберг дидору гуфтугӯ кард.

Сарони кишварҳо кадом масъалаҳоро баррасӣ карданд?

Тавре хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, сарони кишварҳо маҷмӯи васеи масоили ҳамкории дуҷониба ва дарёфти роҳҳои нави рушду густариши муносибатҳои ду кишварро баррасӣ карданд.

“Мо бо Тоҷикистон пайвандӣ дорем, зеро мо кишварҳои кӯҳистонӣ ҳастем ва Швейтсарияю Тоҷикистон дар болооби дарёҳои фаромарзӣ воқеъанд. Омода ҳастем, ки дар доираи ҳамкории дуҷониба ба манфиати мардумон лоиҳа ва ташаббусҳои дигарро низ якҷоя анҷом диҳем”, – изҳор доштааст зимни мулоқот Ули Маурер.

Сарони кишварҳо таъкид доштанд, ки Тоҷикистону Швейтсария аллакай таҷрибаи хуби ба роҳ мондани ҳамкории барои ҷонибҳо судманди тиҷоратиро доранд ва ҳамин аст, ки ҳаҷми гардиши мол дар 9 моҳи  соли равон 132 миллион долларро ташкил дода, аз болоравии он нисбат ба солҳои пештара гувоҳӣ медиҳад.

Дар густариши муносибатҳои иқтисодии ду кишвар ҷоннок кардани фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тавсеаи ҳамкорӣ дар бахши молиявӣ дар чаҳорчӯбаи ниҳодҳои молиявии Бреттон-Вудс, Хазинаи байнулмилалии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ, ҳамкорӣ дар бахши истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, Дафтари ҳамкории иқтисодии Швейтсария (СЕКО) ва иштироки ҷониби Швейтсария дар татбиқи лоиҳаҳои зиёди сармоягузорӣ дар Тоҷикистон омили муҳим номида шуд.

Чӣ натиҷа ҳосил шуд?

Баъд аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ санадҳои зерини ҳамкорӣ ба имзо расиданд:

– Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федералии Швейтсария дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи тағйирёбии иқлим, паст кардани хавфи офатҳои табиӣ ва банақшагирии устувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федералии Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи идоракунии ҳамгироиёнаи захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳамин рӯз Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо президенти ширкати байналмилалии “Гленкор“ (Glencore International AG) Айван Глазенберг дидору гуфтушунид анҷом дод.

Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, ки аз муҳимтарин соҳаҳои равобити дуҷониба маҳсуб мешавад, изҳори қаноатмандӣ карда, шарикии самараноки ширкати “Гленкор”-и Швейтсария бо “ТАЛКО”-и Тоҷикистонро дар соҳаи истеҳсоли алюминий намунаи хуби чунин ҳамкорӣ номид.

Зикр мешавад, ки тайи 12 соли охир ТАЛКО ва Гленкор дар маҷмӯъ ба маблағи зиёда аз 4,7 миллиард доллари амрикоӣ амалиёти тиҷоратиро ба анҷом расонидаанд.

Гуфта мешавад, дар давоми 5 соли оянда ин ду ширкат тибқи қарордодҳои баимзорасида ба маблағи 1,5 миллиард доллари амрикоии дигар ҳамкории тиҷоратӣ ва маблағгузорӣ хоҳанд кард.

Таъкид гардид, ки бо назардошти имконоти мавҷудаи Тоҷикистон ва иқтидори “Гленкор” ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар дигар соҳаҳои иқтисоди миллӣ барои ҳар ду ҷониб судманд хоҳад буд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба дарёфти роҳҳои нави тавсеаи ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ бо ҷониби Швейтсария, аз ҷумла, бо ширкати “Гленкор” дар соҳаҳои гуногун, пеш аз ҳама дар татбиқи лоиҳаҳои коркард то ҳолати ниҳоӣ дар конҳои маъдани тилло, нуқра, сурма ва синк табодули андеша карданд.

Ҳамчунин истифодаи имконоти ҳамкорӣ дар бахши энергетика ва дигар соҳаҳои истеҳсолии иқтисоди миллӣ, татбиқи Барномаи таҷдиди иқтидорҳои ширкати “Талко” ва саҳмгузории ширкати мазкур дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Тоҷикистон, яъне саноатикунонии иқтисоди кишвар зарур шуморида шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...