Фаронса ба Тоҷикистон чархбол ва таҷҳизот барои “ТАЛКО” дода, маркази савдо месозад

Asia-Plus

Дар доираи сафари расмӣ ба Фаронса раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 7-уми ноябр дар шаҳри Порис бо намояндагони доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорони ин кишвар мулоқот кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни мулоқот дурнамои ҳамкорӣ ва имконоту иқтидори Тоҷикистону Фаронса барои густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ баррасӣ шуд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Фаронса, муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии байни ширкатҳои ду кишвар баррасӣ гардида, таъсиси Агентии рушди Фаронса дар Тоҷикистон зарур шуморида шуд.

Гуфта мешавад, дар ин вохӯрӣ намояндаи махсуси Вазорати умури Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Фаронса оид ба Осиёи Марказӣ, сафири Фаронса дар Тоҷикистон, роҳбарони ширкатҳои бонуфузи Аэробус (AIRBUS) Клустер Монтейҷн (CLUSTER MONTAGNE), Фивз (FIVES), Групп Иннитера (GROUP INNITHERA), Сафран (SAFRAN), Шевер (SCHIEVER), Талес (THALES), Тотал (TOTAL), Трактебел Инҷиниринг (TRACTEBEL ENGINEERING) ва Медеф Интернасионал (MEDEF INTERNATIONAL) ҳузур доштанд.

Онҳо ба раисҷумҳури Тоҷикистон барои фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ баҳои баланд дода, ҳавасмандии худро баҳри иштирок дар рушду густариши иқтисодиёти Тоҷикистон иброз доштанд.

Дар ҳамин ҷо барои рушду густариши муносибатҳои тиҷоратӣ байни корхонаву ширкатҳои ду кишвар санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонда шуд, аз ҷумла, созишномаи ҳамкорӣ байни КВД “Тоҷинвест” ва ассотсиатсияи фаронсавии "Medef International".

Қобили зикр аст, ки маҳз ҳамин ширкат 45 сол пеш корхонаи истеҳсоли анодҳоро дар Ширкати алюминии Тоҷикистон (ТАЛКО) сохта буд.

Ҳамчунин байни ТАЛКО, Ширкати фаронсавии Фавз (Fives) ва Ширкати олмонии Риедҳаммер (Riedhammer) созишномаи сеҷонибаи ҳамкорӣ оид ба воридоти технологияи муосир барои коргоҳи анодпазӣ ба имзо расид.

Дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон байни Ширкати “Аэробус”-и аврупоӣ ва Ширкати ҳавопаймоии “Сомонэйр”-и Тоҷикистон созишномаи ҳамкорӣ оид ба ворид кардани 5 чархбол ба Тоҷикистон имзо шуд.

Ба ҷуз ин, созишномаҳо миёни ширкати дорусозии “Сифат Фарма”-и Тоҷикистон ва ширкати фаронсавии “Лабаротория ИННОТЕК интернасионал” дар бораи ҳамкорӣ, инчунин байни ширкати “Амид”-и Тоҷикистон ва ширкати “Шивер Групп”-и Фаронса оид ба ташкили маркази савдо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд имзо шуданд.

Дар ҷараёни мулоқот Эмомалӣ Раҳмон доир ба имконоти сармоягузорӣ маълумот дода, зикр кард, ки айни ҳол дар Тоҷикистон беш аз 20 ширкату коргоҳҳои фаронсавӣ фаъолияти пурсамар доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...