Миёни ҷангиёни ДОИШ дар зиндонҳои Туркия тоҷикистониён ҳастанд?

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ҳукумати Туркия рӯзи 11-уми ноябр ба истирдоди ҷангиёни қаблан дастгиршудаи гурӯҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ”, ки шаҳрвандии кишварҳои хориҷиро доранд, оғоз кард.

“То имрӯз ВКД-и Туркия ба намояндагии дипломатии Анқара дар Душанбе оид ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар зиндонҳои Туркия бо далели узвият дар ДОИШ нигаҳдорӣ мешаванд, маълумот надодааст”, – гуфтанд ба “Азия-Плюс” аз сафорати Туркия дар Тоҷикистон.

Дар намояндагии дипломатӣ таъкид доштанд, ки ҳама гуна маълумоти дар ин хусус ҷойдошта дастраси ҳамагон мешавад.

Дар ҳамин ҳол, як манбаи огаҳ ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки тоҷикистониёни аъзои ДОИШ дар зиндонҳои Туркия нестанд.

“Дар ин масъала мо комилан якдигарро мефаҳмем ва имрӯз дар бораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба далели узвияти ДОИШ дар зиндонҳои Туркия нигоҳ дошта мешаванд, маълумот вуҷуд надорад, – қайд кард манбаъ. – Агар бошанд ҳам, онҳоро пас аз истирдод ба Тоҷикистон мурофиаи додгоҳӣ интизор аст”.

“Аъзои ДОИШ-ро ба кишварҳояшон мефиристем”

Туркия кайҳост масъалаи ба кишварҳояшон фиристодани тахрибкорони ДОИШ-ро ба миён мегузорад.

Тибқи маълумоти Иносми.ру, аз 1172 ҷонибдори ДОИШ, ки дар зиндонҳои Туркия нигаҳдорӣ мешаванд, 750 нафарашон хориҷиянд. Инҳо шаҳрвандони 40 давлат, аз ҷумла, Бритониёи Кабир, Фаронса, Олмон, Шветсия, Швейтсария, Белгия, ИМА, Русия мебошанд.

Баъзе кишварҳо барои баргардонидани шаҳрвандони худ – террористони ДОИШ натанҳо ҳеҷ чорае намеандешанд, балки монеъагузорӣ карда, онҳоро аз ҳуқуқи шаҳрвандӣ маҳрум мекунанд.

Вазорати адлияи Туркия дар доираи қонунгузории амалкунанда рӯйи он кор мекунад, ки аъзои ДОИШ-и нисбаташон ҳукми ниҳоӣ содиршуда ҷазоро дар кишвари худашон адо кунанд. Ҳамчунин баҳри ба судҳои кишвари худашон додани ҷангиёни хориҷӣ, ки ҳоло ҷазо нагирифтаанд, тадбирҳо андешида мешаванд.

Ёдрас мекунем, тобистони соли 2018 сафири Туркия дар Душанбе Алӣ Рафъат Куксал дар вохӯрӣ бо рӯзноманигорони тоҷик изҳор дошт, ки дар Туркия ҳеҷ як ҷинояткори аз ҷониби Тоҷикистон мавриди ҷустуҷӯ эълоншуда паноҳгоҳ намеёбад.

Сафир таъкид дошта буд, ки ҳамкории имрӯзаи Душанбеи расмӣ бо Анқара дар бисёр бахшҳо, бахусус, дар масоили таъмини амният хеле хуб аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.