Сафири Туркия: ҳеҷ кадоме аз ҷинояткор дар Туркия паноҳгоҳ намеёбад

– Баъди кӯшиши табаддулоти давлатии ду сол пеш Туркия то ҳол ба худ наомада, Тоҷикистон хеле зудтар оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва кӯшиши табадддулоти моҳи сентябри соли 2015 дар Душанберо паси сар намуд, – гуфт имрӯз зимни вохӯрӣ бо журналистон сафири Туркия дар Тоҷикистон Алӣ Рафъат Куксал. «Ояндаи Тоҷикистонро дурахшон мебинам ва ба шумо итминон медиҳам, […]

– Баъди кӯшиши табаддулоти давлатии ду сол пеш Туркия то ҳол ба худ наомада, Тоҷикистон хеле зудтар оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва кӯшиши табадддулоти моҳи сентябри соли 2015 дар Душанберо паси сар намуд, – гуфт имрӯз зимни вохӯрӣ бо журналистон сафири Туркия дар Тоҷикистон Алӣ Рафъат Куксал.

«Ояндаи Тоҷикистонро дурахшон мебинам ва ба шумо итминон медиҳам, ки ҳеҷ яке аз ҷиняткоре, ки аз ҷониби Тоҷикистон мавриди ҷустуҷӯ эълон шудааст, дар Туркия паноҳгоҳ намеёбад», – изҳор дошт сафир ва илова намуд, ки имрӯз ҳамкории Душанбеи расмӣ бо Анқара дар бисёр бахшҳо, бахусус дар масоили таъмини амният хеле хуб аст.

Дипломати турк қайд кард, ки 15 июли соли 2016 аз ҷониби як гурӯҳи аъзои ФЕТО (Созмони террористии Фатҳуллоҳ Гюлен) кӯшиш ба харҷ дода шуд, ки табаддулоти давлатӣ ба амал барварда шавад, лекин ба ҳукумат бо дастгирии мардум муяссар шуд, ки ин амали нагинро пешгирӣ намояд.

«Табаддулоти давлатии 15 июли соли 2016 амали террористии бузургтарин дар таърихи Туркия аст. Дар ҷараёни кӯшиши табаддулот 249 нафар шаҳрвандон ҳалок ва 2 ҳазор нафар захмӣ шуданд», – қайд кард сафир.

Дар идома сафир таъкид дошт, ки Туркия минбаъд низ доимо бо созмонҳои террористиву ифротгаро мубориза бурда, ҳамеша ба давлати ҳуқуқӣ ва демократия арҷ хоҳад гузошт.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.