Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ қариб 90% иҷро шуд

Нақшаи даъват ба хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон то ба имрӯз 86% ба иҷро расидааст. Маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 1-уми октябр оғоз шуда, то 30-юми ноябр давом меёбад. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Душанбе охири моҳи октябр аз пурра ба иҷро расидани нақша хабар дода […]

Нақшаи даъват ба хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон то ба имрӯз 86% ба иҷро расидааст.

Маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 1-уми октябр оғоз шуда, то 30-юми ноябр давом меёбад.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Душанбе охири моҳи октябр аз пурра ба иҷро расидани нақша хабар дода буданд. Дар ин бора Вазорати мудофиаи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

“Нақшаи даъват дар вилояти Хатлон – 89%, вилояти Суғд – 90% ва ноҳияҳои тобеи марказ – 88% ба иҷро расид”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, подполковник Ориф Нозимиён.

Бино ба маълумоти ин вазорат, ҳамасола ба хизмат дар Қувваҳои мусаллаҳи кишвар шаҳрвандони синни аз 18 то 27-сола, ки ба таъхири муҳлати хизмат ё озод будан аз хизмати ҳарбӣ ҳуқуқ надоранд, даъват карда мешаванд.

Комиссияи ҷумҳуриявиро оид ба ташкили даъвати тирамоҳӣ муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим роҳбарӣ мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.