Эмомалӣ Раҳмон бо раисҷумҳури Фаронса ва Дабири кулли СММ суҳбат кард

Шоми 11-уми ноябр дар доираи иштирок дар чорабиниҳои Ҳамоиши Порис оид ба сулҳ суҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири Кулли СММ Антониу Гуттериш ва раисҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон доир шуд. Тибқи иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар рафти суҳбати озод оид ба робитаҳои дуҷониба бо СММ ва Фаронса, инчунин доираи васеъи масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҷаҳонии Ҳамоиш табодули афкор сурат пазируфт. Антониу Гуттериш […]

Шоми 11-уми ноябр дар доираи иштирок дар чорабиниҳои Ҳамоиши Порис оид ба сулҳ суҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири Кулли СММ Антониу Гуттериш ва раисҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон доир шуд.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар рафти суҳбати озод оид ба робитаҳои дуҷониба бо СММ ва Фаронса, инчунин доираи васеъи масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҷаҳонии Ҳамоиш табодули афкор сурат пазируфт.

Антониу Гуттериш нақши раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар пешбурд ва тарғиби рӯзномаи иҷтимоиву иқтисодии СММ созгор донист. Эммануэл Макрон натиҷаҳои сафари расмии раисҷумҳури Тоҷикистон ба Фаронса ва силсилаи музокиротро пурсамар ва муҳим арзёбӣ кард.

Ҳамоиши Порис оид ба сулҳ бори нахуст моҳи ноябри соли 2018 баргузор шуд. Он барои ҳалли мушкилоти доимо пайдошавандаи ҷаҳонӣ ва ҳифзи усули бисёрҷониба нақши муҳим дорад. Он ҳамаи иштирокдорони равандро муттаҳид месозад ва таҳияи қарорҳои мушаххасро оид ба танзими глобалӣ осонтар мекунад.

Дар ин Ҳамоиш, ки рӯзҳои 12-13 ноябр дар Толори бузурги боғи Ла-Виллет дар Порис доир мешавад, иштироки қариб 6 ҳазор нафар дар назар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.