Ифтитоҳи “равзана”-и деринтизори соддагардонии савдо дар Тоҷикистон. Алҳол ба таври озмоиш

Охири ҳафтаи гузашта бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, бахши хусусӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ давраи таҷрибавии Равзанаи ягонаи барасмиётдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Тоҷикистон расман ифтитоҳ шуд. Тавре дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ иттилоъ медиҳад, сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумат Хуршед Каримзода зимни суханронӣ таъкид дошт, ки мақомоти давлатӣ муваззаф […]

Охири ҳафтаи гузашта бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, бахши хусусӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ давраи таҷрибавии Равзанаи ягонаи барасмиётдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Тоҷикистон расман ифтитоҳ шуд.

Тавре дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ иттилоъ медиҳад, сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумат Хуршед Каримзода зимни суханронӣ таъкид дошт, ки мақомоти давлатӣ муваззаф шудаанд, ҷиҳати суръат бахшидани раванди ҷорӣ кардани технологияҳои муосири иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар фаъолияти касбӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода қайд кард, ки Равзанаи ягона барои рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, аз ҷумла, соддагардонии савдо, кам кардани вақт ва хароҷоти субъектҳои фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, афзоиши гардиши савдои хориҷӣ ва даромади иловагӣ ба буҷет нақши муҳим хоҳад дошт.

Ёдрас мекунем, ки Консепсияи ташаккули Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Тоҷикистон бо қарори ҳукумати кишвар ҳанӯз моҳи декабри соли 2008 қабул шуда буд.

Барномаи ҷорӣ кардани системаи Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Тоҷикистон моҳи майи соли 2010 бо қарори ҳукумат маъқул шуморида шуд.

Охири соли 2010 дар назди Хадамоти гумрук КВД “Маркази Равзанаи ягона” таъсис дода шуд, ки тамоми ин солҳо аз ҳисоби буҷети кишвар маблағгузорӣ мешавад. Фаъолияти он ба фароҳамсозии шароити мусоид баҳри кори пурсамари Равзанаи ягона равона шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.