Бонувони шаҳри Бохтар чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол шуданд

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дар чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон дастаи “Хатлон”-и шаҳри Бохтар пирӯз шуд.

Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ҷойи дуюм насиби дастаи “Зебонисо”-и шаҳри Душанбе шуд. Мавқеи сеюмро тими “Зебо”-и ноҳияи Дӯстӣ ба даст овард.

Дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дар рафти чемпионат аз 18 бозӣ дар 16 дидор ғалаба карда, як бозиро мусовӣ анҷом дод ва дар як бозии дигар бохт. Он бо 49 хол дар ҷойи аввали ҷадвал қарор гирифт.

Дар номинаҳои дигар Меҳрона Файзуллоева аз дастаи “Хатлон” дарвозабони беҳтарин, Меҳрангез Шарипова аз дастаи “Хатлон” нишонзани беҳтарин, Некубахт Худододова аз дастаи “Зебонисо” бозингари беҳтарин ва сармураббии дастаи “Хатлон” Ашӯр Гадоев мураббии беҳтарин эътироф шуданд.

Дар Чемпионати Тоҷикистон миёни бонувон 10 даста ширкат варзида, 7 даста вилояти Хатлонро намояндагӣ карданд: «Зебонисо» (Душанбе), «Хатлон» (Бохтар), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Барқ» (Норак), «Ситора» (Фархор), «Зебо» (Дӯстӣ), «Чашма» (Шаҳритӯс), «Равшан» (Кӯлоб), «Бешкент» (Носири Хусрав) ва «Конибодом» (Конибодом).

Чемпионат дар ду марҳила ҷараён гирифт ва ҳар даста бо тимҳои дигар 2 бозӣ (дар хона ва дар сафар) анҷом доданд.

Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон 12-уми ноябр дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар баргузор шудааст.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта чемпионати Тоҷикистон миёни бонувон бо иштироки 6 даста доир гардида, тими “Зебонисо”-и шаҳри Душанбе ғолиб шуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.