Бонувони шаҳри Бохтар чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол шуданд

Дар чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон дастаи “Хатлон”-и шаҳри Бохтар пирӯз шуд. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ҷойи дуюм насиби дастаи “Зебонисо”-и шаҳри Душанбе шуд. Мавқеи сеюмро тими “Зебо”-и ноҳияи Дӯстӣ ба даст овард. Дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дар рафти чемпионат аз 18 бозӣ дар 16 дидор ғалаба карда, як бозиро мусовӣ […]

Дар чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон дастаи “Хатлон”-и шаҳри Бохтар пирӯз шуд.

Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ҷойи дуюм насиби дастаи “Зебонисо”-и шаҳри Душанбе шуд. Мавқеи сеюмро тими “Зебо”-и ноҳияи Дӯстӣ ба даст овард.

Дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дар рафти чемпионат аз 18 бозӣ дар 16 дидор ғалаба карда, як бозиро мусовӣ анҷом дод ва дар як бозии дигар бохт. Он бо 49 хол дар ҷойи аввали ҷадвал қарор гирифт.

Дар номинаҳои дигар Меҳрона Файзуллоева аз дастаи “Хатлон” дарвозабони беҳтарин, Меҳрангез Шарипова аз дастаи “Хатлон” нишонзани беҳтарин, Некубахт Худододова аз дастаи “Зебонисо” бозингари беҳтарин ва сармураббии дастаи “Хатлон” Ашӯр Гадоев мураббии беҳтарин эътироф шуданд.

Дар Чемпионати Тоҷикистон миёни бонувон 10 даста ширкат варзида, 7 даста вилояти Хатлонро намояндагӣ карданд: «Зебонисо» (Душанбе), «Хатлон» (Бохтар), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Барқ» (Норак), «Ситора» (Фархор), «Зебо» (Дӯстӣ), «Чашма» (Шаҳритӯс), «Равшан» (Кӯлоб), «Бешкент» (Носири Хусрав) ва «Конибодом» (Конибодом).

Чемпионат дар ду марҳила ҷараён гирифт ва ҳар даста бо тимҳои дигар 2 бозӣ (дар хона ва дар сафар) анҷом доданд.

Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон 12-уми ноябр дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар баргузор шудааст.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта чемпионати Тоҷикистон миёни бонувон бо иштироки 6 даста доир гардида, тими “Зебонисо”-и шаҳри Душанбе ғолиб шуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.