Қатъи фаъолияти боз як ташкилоти қарзӣ дар Тоҷикистон

Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 12-уми ноябр иҷозатномаи Фонди қарзии хурди “Имдоди Рушд”-ро бозхонд кардааст. Бино ба иттилои имрӯз нашркардаи шуъбаи матбуоти БМТ, барҳам додани ин фонд “бо сабабҳои ба таъхир гузошта шудани уҳдадориҳо” сурат мепазирад. Гуфта мешавад, иҷозатномаи ФҚХ “Имдоди Рушд”, ки моҳи августи соли 2012 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷом додани амалиёти бонкӣ […]

Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 12-уми ноябр иҷозатномаи Фонди қарзии хурди “Имдоди Рушд”-ро бозхонд кардааст.

Бино ба иттилои имрӯз нашркардаи шуъбаи матбуоти БМТ, барҳам додани ин фонд “бо сабабҳои ба таъхир гузошта шудани уҳдадориҳо” сурат мепазирад.

Гуфта мешавад, иҷозатномаи ФҚХ “Имдоди Рушд”, ки моҳи августи соли 2012 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷом додани амалиёти бонкӣ дода шудааст, бозхонд карда шуд. Самтҳои дигари фаъолияти фонди мазкур дар асоси қарори қабулшуда аз ҷониби БМТ дар доираи қонунгузории амалкунанда баррасӣ карда мешаванд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 10-уми майи соли ҷорӣ дар вохӯрӣ бо кормандони мақомоти молия ва андоз, гумрук ва соҳаи бонкӣ изҳор дошт, ки бар асари буҳрон дар низоми бонкӣ шумори ташкилотҳои қарзӣ дар Тоҷикистон тайи 4 соли охир қариб ду баробар кам шудааст. Ин тамоюлро сарвари давлат ба буҳрон дар низоми бонкӣ марбут донист.

Ба гуфтаи ӯ, то оғози буҳрон дар низоми бонкӣ, соли 2014 дар ҷумҳурӣ 137 ташкилоти қарзӣ фаъолият дошта, охири соли гузашта шумори онҳо то 79 ташкилот кам шуд.

Сарвари давлат таъкид дошт, ки аз ҳама бештар иҷозатномаҳои ташкилотҳои қарзии хурд бозхонд шуда, шумори онҳо аз 125 адад дар соли 2012 то 62 адад дар соли 2018 коҳиш ёфт.

Бино ба маълумоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, айни замон дар Тоҷикистон ҳамагӣ 75 ташкилоти қарзӣ: 17 бонк, 22 ташкилоти хурди амонатгузорӣ, 6 ташкилоти қарзии хурд ва 30 фонди қарзии хурд амал мекунанд.

Қобили зикр аст, ки 54 ташкилоти қарзӣ дар марҳилаи барҳамдиҳӣ қарор доранд, ки 24-тоашон тариқи маҷбурӣ фаъолияташон қатъ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.