Ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳамла ба дидбонгоҳи сарҳадӣ ҳисобот доданд

Имрӯз, 14-уми ноябр таҳти роҳбарии раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон баргузор шуд. Дар он масъалаи ҳуҷуми мусаллаҳонаи рӯзи 6-уми ноябр ба дидбонгоҳи сарҳадии «Ишқобод» баррасӣ гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, доир ба ин масъала прокурори генералӣ, вазирони корҳои дохилӣ ва мудофиа, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии кишвар ҳисобот доданд. […]

Имрӯз, 14-уми ноябр таҳти роҳбарии раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон баргузор шуд. Дар он масъалаи ҳуҷуми мусаллаҳонаи рӯзи 6-уми ноябр ба дидбонгоҳи сарҳадии «Ишқобод» баррасӣ гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, доир ба ин масъала прокурори генералӣ, вазирони корҳои дохилӣ ва мудофиа, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии кишвар ҳисобот доданд.

Гуфта мешавад, дар ҷаласа ҳамчунин чораҳои таҳкими ҳифзи сарҳади давлатӣ ва ҷараёни татбиқи Қонуни ҶТ “Дар бораи авф” баррасӣ гардид. Зимнан ҳисоботи сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии вазорати адлия Мансурҷон Умаров оид ба рафти иҷрои ин қонун шунида шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки иҷрои Қонуни мазкур дар Сарраёсат асосан таъмин карда шуда, он нисбат ба зиёда аз 10 ҳазор нафар маҳкумшудагон аллакай татбиқ гардид. Аз ҷумла, зиёда аз 6 ҳазор нафар шахсоне, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ адои ҷазо мекарданд, озод карда шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон диққати ҳозиринро чиҳати сари вақт таъмин кардани иҷрои Қонуни ҶТ «Дар бораи авф» ҷалб намуда, барои пешгирии омилҳои коррупсионӣ зимни татбиқи он дастурҳо дод.

Зикр мешавад, ки дар ҷаласа доир ба масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Аз дигар ҷузъиёти ҷаласаи Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ маълумот дода нашудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.