Қотили ҳамсари дуҷон ба 22 соли зиндон маҳкум шуд

Қотил бо ҷабрдидаи худ моҳи ноябри соли 2018 тариқи никоҳи исломӣ оила барпо карда, моҳи марти соли равон ӯро куштааст. Сокини ноҳияи Вахш Олимҷон Алимов барои куштори ҳамсари ҳомилаи худ ба 22 соли зиндони низомаш сахт маҳкум шуд. Тавре маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ хабар медиҳад, моҳи ноябри соли гузашта маҳкумшуда бо сокини маҳаллӣ Суманмоҳ Назарова […]

Қотил бо ҷабрдидаи худ моҳи ноябри соли 2018 тариқи никоҳи исломӣ оила барпо карда, моҳи марти соли равон ӯро куштааст.

Сокини ноҳияи Вахш Олимҷон Алимов барои куштори ҳамсари ҳомилаи худ ба 22 соли зиндони низомаш сахт маҳкум шуд.

Тавре маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ хабар медиҳад, моҳи ноябри соли гузашта маҳкумшуда бо сокини маҳаллӣ Суманмоҳ Назарова тариқи шариати ислом ақди никоҳ мекунанд. Дар давоми зиндагонии муштарак байни онҳо нофаҳмӣ ва муноқишаҳо cap мезадааст.

Моҳи март зимни муноқишаи оилавӣ Алимов ҳамсари дуҷонашро буғӣ карданӣ шуда, сипас ба ҷисми ӯ бо корд якчанд маротиба зарба мезанад, ки дар натиҷа зан ҳалок мешавад.

“Баъдан бо мақсади пинҳон кардани ҷиноят бо белу каланд фарши яке аз ҳуҷраҳои хонаашро канда, ҷасади ҳамсарашро зери хок мекунад”, – омадааст дар маълумоти Прокуратураи генералӣ.

Зикр мешавдад, ки бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди вилояти Хатлон Олимҷон Алимов дар содир кардани ин ҷиноят пурра гунаҳкор дониста шуда, ба ӯ ҷазои маҳрумӣ аз озодӣ ба муҳлати 22 сол бо нигоҳ доштан дар муассисаҳои ислоҳии низомашон пурзӯр ва аз ин 5 сол бо нигоҳ доштан дар маҳбас ҷазо таъин карда шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.