Ҳалокати як тоҷик дар Бишкек аз зарбаи корди ҳамватан

Дар бозори “Кербен”-и шаҳри Бишкек ду шаҳрванди Тоҷикистон муноқиша кардаанд. Дар ҷараёни занозанӣ яке аз онҳо ба қафаси синаи дигарӣ бо корд зарба задааст. Дар ин бора дафтари матбуоти Сарраёсти умури дохилии Бишкек хабар медиҳад. Гуфта мешавад, рӯзи 12-уми ноябр дар бозори “Кербен” шаҳрвандони Тоҷикистон И.И. ва Х.А. дар масъалаи қарз ба муноқишаи лафзӣ пардохта, он ба ҷанҷолу […]

Дар бозори “Кербен”-и шаҳри Бишкек ду шаҳрванди Тоҷикистон муноқиша кардаанд. Дар ҷараёни занозанӣ яке аз онҳо ба қафаси синаи дигарӣ бо корд зарба задааст. Дар ин бора дафтари матбуоти Сарраёсти умури дохилии Бишкек хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, рӯзи 12-уми ноябр дар бозори “Кербен” шаҳрвандони Тоҷикистон И.И. ва Х.А. дар масъалаи қарз ба муноқишаи лафзӣ пардохта, он ба ҷанҷолу занозанӣ табдил меёбад. “Шаҳрванд И.И. ба қафаси синаи шаҳрванд Х.А., соли таваллудаш 1989 бо корд зарба задааст. Ӯ дар ҷойи ҳодиса аз ҷароҳати вазнин ба ҳалокат расидааст”, – қайд мешавад дар маълумоти милитсияи Бишкек.

Ин ҳодиса дар Раёсати умури дохилии ноҳияи Свердловски Бишкек сабт ва мутобиқи моддаи 130-и КҶ Қирғизистон (Одамкушӣ) тафтишӣ тосудӣ оғоз шудааст.

Зикр мешавад, ки дар ҷараёни тадбирҳои ҷустуҷӯйӣ кормандони ВКД Қирғизистон ба гумони даст доштан дар ин куштор шаҳрванд И.И., соли таваллудаш 1989-ро боздошт кардаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.