Роҳбари «Smart city»: Шаҳрдорӣ ба рушди Wi-Fi дар Душанбе мусоидат мекунад

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи тартиби кори интернет аз рӯйи технологияҳои Wi-Fi дар қаламрави пойтахт маънои онро надорад, ки Wi-Fi дар шаҳр зери назорат гирифта мешавад.

Роҳбари КВД “Шаҳри ҳушманд” (Smart city) Саъдӣ Самадов, ки назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи ин корхона вогузор шудааст, ба “Азия-Плюс” итминон дод, ки қарори раиси шаҳр ба тавсеъаи кори интернет тибқи технологияҳои Wi-Fi дар қаламрави пойтахт равона шудааст.

“Мо ба фаъол кардани интернет аз рӯйи технологияҳои Wi-Fi натанҳо дар маркази пойтахт, балки дар гӯшаву канори он низ мусоидат мекунем, – гуфт Самадов.

Ӯ ҳамчунин таъкид дошт, ки корхона барои тақвияти талошҳои шаҳрдорӣ барои ободонии пойтахт, ҳамоҳангсозии амалҳои ҳукумат дар ин самт ва ҳаллу фасли мушкилоти соҳа таъсис дода шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, имрӯз дар матбуот оид ба роҳандозии Wi-Fi дар ин ё он боғу қаҳвахонаҳои шаҳр бисёр маълумот нашр мешавад, лекин дар асл чунин нуқтаҳои дастрасӣ ба интернет дар миқёси начандон калон гузошта шудааст.

Дар робита ба масъалаи сабти шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки ба муштариён дастрасии интернетро тариқи технологияҳои Wi-Fi пешниҳод мекунанд, гуфта шуд, бақайдгирии онҳоро моликони нуқтаҳо (дар боғу истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ, нуқтаҳои хӯроки умумӣ) бепул анҷом медиҳанд.

“Дар масъалаи таъмини амният байни корбарони Wi-Fi-и ройгон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ гуфтаниам, ки мувофиқи қоидаҳои ширкатҳои фароҳамсози интернет (провайдерон) пеш аз истифодаи Wi-Fi корбарон ҷиҳати васл ба телефон рамзҳо (кодҳо)-и махсус мегиранд. Ин тадбир имкон медиҳад, ки шаҳрвандони корбари Wi-Fi-и бепул сомонаҳои номақбулро накушоянд”, – афзуд Самадов.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.